Масъулони вилояти Хатлон ва шаҳру навоҳии он дар баробари ин, ки зимни омодасозии буҷетҳои маҳаллӣ аз омӯхтани андешаҳои сокинони одӣ худдорӣ меварзанд, ҷузъиёти лоиҳаи он ва фонди захиравии раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятро ҳам барои мардум то андозае пӯшида нигоҳ медоранд.     

Як воқеият, ду таърих

Лоиҳаҳои буҷетҳои маҳаллӣ бо назардошти манбаъҳои андозбандии ҳар шаҳру навоҳӣ таҳия шуда, бидуни ба инобат гирифтани афкори лоақал ҳиссаи камтарини аҳли ҷомеа аз ҷониби вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру навоҳӣ ва вилоят (дар мисоли Хатлон) қабул ё худ тасдиқ мешаванд. Дар ин сурат, ки ҳатто абзорҳои иттилоотонии оммавӣ (нашрияҳо, сомонаҳо...) корбурд пайдо намекунанд, шаффофият то куҷо риоя мешавад, суолест матраҳ. Аммо аз таърихи шӯравӣ бармалост, ки дар 70 соли он аҳд низ сокинони одӣ аз ҷузъиёти ҷараёни дурусту нодурусти омодасозии буҷет комилан бехабар мемонданд. Пас, мантиқан, ҳам давлатмардони маҳаллӣ ва ҳам мардум аз таҷрибаи ҳамгироии иқтисодии болозикр то кунун ба таври бояду шояд баҳравар набуданд.

Дар мавриди масрафи маблағҳои буҷетҳои маҳаллӣ, ки гоҳе “гӯшаҳои торик” доранд, метавон боз он суханҳои фавқро такрор кард.

Нақши ҳалкунандаи “элак”-и вазорат

Зимни суҳбат бо масъулони ниҳодҳои молия ва раисони шаҳру ноҳияҳо аён шуд, ки буҷетҳои маҳаллӣ фақат пас аз иҷозаи Вазорати молияи ҷумҳурӣ барои қабул ба маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо пешниҳод мешаванд. Яъне, ба эҳтимоли зиёд, сухани вакилон – намояндагони мардум ҳам дар бобати муқаррар кардани ҳаҷми дилхоҳ буҷет ва ба кадом самту соҳа равон кардани маблағҳо мақоми ҳалкунанда надорад.

Ба қавли Умед Абдуназарзода, муовини сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар, раванди то дасти вакилон омада расидани лоиҳаи буҷет аз зинаҳои қобили мулоҳиза иборат аст.

Аввалан, буҷети маҳаллӣ бо назардошти даромаду сарчашмаҳои андози маҳал пешбинӣ мешавад. Яъне ҳама манбаъҳо, амсоли андоз аз даромади воситаҳои нақлиёт, фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андози замин ва ҳоказо ҳисобу китоб мешаванд. Баъдан, бо мақсади таҳияи лоиҳаи мукаммали буҷет кулли маълумоти мансуб ба талаботу хароҷоти ташкилоту идораҳои буҷетӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Сониян, лоиҳаи буҷети маҳаллӣ коркард ва мувофиқа шуда, барои баррасӣ ва қабул ба маҷлиси вакилони халқи шаҳр манзур мегардад.

Иттилои Хайриддин Наҷмиддинов, муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, доир ба ин масъала, дар мисоли буҷети вилоят, боз ҳам дақиқтар буд. Тавре ӯ мегӯяд:

“Пеш аз он, ки таҳияи лоиҳаҳои буҷетҳои шаҳру ноҳияҳо шурӯъ шавад, фармоиши Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тасвиб мерасад. Мувофиқи он, масъулони шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳо муваззаф мешаванд, ки тафсилоти ҳама хароҷот ва манбаъҳои андозбандиро ба раёсатҳои молия ва баъдан, ба Сарраёсати молияи вилоят пешниҳод кунанд. Хуллас, аз ҳаҷми умумии музди меҳнат то таъмиру нафақапулӣ муайян карда мешавад.

Пасон, дар назди мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят комиссияи буҷетӣ ташкил мешавад. Ин комиссия вазифадор мегардад, ки буҷети соли ояндаро ҳисобу китоб карда, пас аз омода сохтани лоиҳа онро ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ пешниҳод кунад. Лоиҳаи буҷети вилоят баъд аз мувофиқа ва такмил ёфтан дар назди комиссияи буҷети Вазорати молия, барои баррасию қабул ба маҷлиси вакилони халқи вилоят пешниҳод мешавад”.

Ҳамсуҳбатони дигари мо, мушаххасан, раисони 10 шаҳру навоҳии вилоят ва масъулони идораҳои молия низ бо такрор аз ҳарфҳои боло, ҳамрадиф, изофа карданд, ки ихтиёрдори аслии соле як маротиба афзоиш додани буҷет, ки ҳудуди ҳафт дарсадро ташкил медиҳад, боз ҳам Вазорати молияи кишвар аст.

Аҷаб! Фонди захиравӣ ҳаст, маълумот не

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ”, ки ҳамасола барои як сол ба тасвиб мерасад, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ваколат доранд, ки аз ҳисоби қисми даромади буҷет ҳиссаи муайяни маблағро таҳти унвони фонди захиравӣ дар ихтиёри худ нигоҳ доранд. 

– Фонди захиравии раисони шаҳру ноҳияҳо ё раиси вилоят аз рӯйи даромади воқеии буҷети он мавзеъ дар ҳаҷми 0,5 дарсад ҳисоб мешавад, – мегӯяд Хайриддин Наҷмиддинов. – Маблағҳои ин фондҳо бо қарорҳои худи раисон сарф карда мешаванд.

Умед Абдуназарзода изофа кард, ки ин маблағҳо барои дастгирию кӯмаки қишри ниёзманди ҷомеа ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ сарф мешаванд.

“Ҳар маблағеро, ки аз ҳисоби фонди захиравӣ ҷудо мекунем, қарори ба он дахлдорро барои баррасӣ ба вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳод мекунем”, – гуфт Нуриддин Садриддинзода, раиси ноҳияи Носири Хусрав. 

Тибқи мушоҳидаҳои бисёрсолаи рӯзноманигорӣ, дар маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо анқариб ҳамеша қарорҳои мазкури раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоят бидуни қироат ва муҳокима ба овоз монда мешаванд. Яъне дар хусуси барои кӣ ё куҷо ҷудо шудани маблағ ва ҳаҷми он дар ҳузури мардумони ғайривакил, назири журналистон, кормандони мақомот ва дигарон ҳарфе намегӯянд. Ҳатто дар бисёр ҳолатҳо номи қарорҳо ҳам хонда намешавад. Раиси вилоят ё шаҳр, ё ноҳия, ки ҳамзамон, раиси маҷлиси вакилони халқи он  ҷост, тақрибан ҳамеша чунин мегӯяд: “Касе ҷонибдори якҷоя ба овоз мондани қарорҳои раиси вилоят (шаҳр, ноҳия) бошад, хоҳишмандам, раъй диҳад”.

Гӯё ба ҳукми одат даромадааст, ки дасти ҳама вакилон беихтиёр боло бардошта мешавад...   

Ин суол, ки “Магар беҳтар нест, то дурустию нодурустии маблағҳои аз ҷониби раисон ҷудошаванда ба таври ошкор аз ҷониби вакилон таҳлил гардад?”, тӯли бештар аз ду моҳи суҳбату дидор бо камобеш 10 мутасаддӣ, мутаассифона, бепосух монд.

Танҳо Хайриддин Наҷмиддинов, муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, як ҷавоби саризабонӣ дод:

“Мо ҳама тафсилоти даромаду хароҷотро ба Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мефиристем, ки дар он ҷо дар шакли китоб ба нашр мерасанд”.

Баъди ин посух ҳарчанд мо тӯли ду-се моҳ ҳудуди шаш китоби беш аз садусисаҳифагии омории моҳҳои март-августи сарраёсати болозикрро варақ задем, лек ба истиснои ҳисоботи умумӣ доир ба сарчашмаҳои даромаду камбуди буҷетҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоят, иҷроиши нақша, манбаъҳои ғанисозии буҷет ва хароҷот, маълумоти ҳатто мухтасари марбут ба ҳаҷми фондҳои захиравию самтҳои масрафи онҳоро ёфта натавонистем. !

Роҳбар донад, мардум не, кофист?

Мардум, ки пули буҷет маҳз аз ҳисоби андозҳои онҳо ҷамъ мешавад ва маблағҳо ҳам, қабл аз ҳама, барои беҳсозии кору рӯзгори онҳо бояд равона шавад, дар аксари кулли мавридҳо ба ҷараёни таҳияи буҷети минтақаи зисти хеш ҷалб намегарданд. Зеро, тибқи мушоҳидаҳои инҷониб, аксари роҳбарон дар бобати ширкат ё худ саҳми бидуни воситаи шаҳрвандон ҳангоми таҳия ва баррасии лоиҳаи буҷет ақидаи ғайрифаъоли як сон доранд.

Хайриддин Наҷмиддинов мегӯяд, ки зимни қабули лоиҳа ба ҷуз аз вакилон, боз роҳбарони ташкилоту идораҳо ва фаъолон низ ширкат мекунанд, ки ин дар навъи худ як усули таъмини шаффофият аст. 

“Ҷузъиёт ва таркиби буҷети ноҳияро  пас аз ҷаласаи вакилони халқ роҳбарони ташкилоту идораҳо, вакилон ва фаъолон ба мардум мерасонанд”, – барои ширкати мардуми одӣ ҳеҷ зарурате надида, баён мекунад Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Кӯшониён. 

“95 фисади маблағҳо ба соҳаи иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, барои пардохти музди меҳнат равона мегардад. Ҳамин ки шаҳрванд музди маошашро гирифт, албатта, ба дурустии кори мо эътимод мекунад”, – масъаларо аз даричаи боварҳои хеш шарҳ медиҳад Убайдуллои Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. 


“Вақте ки дар иҷлосия вакилони халқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, имом-хатибҳо, фаъолони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва роҳбарони мактабҳо ширкат мекунанд,  ин худ шаффофият аст”, – бо қатъият изҳор мекунад Нуриддин Садриддинзода, раиси ноҳияи Носири Хусрав.


Санавбар Самизода, раиси шаҳри Левакант низ пас аз такрори суханҳои  боло, бидуни шарҳи ин нукта, ки оё тадбири зайлашон кофист, гуфт:

“Буҷети маҳаллии мо дар шӯрои соҳибкорони шаҳр низ баррасию таҳлил мешавад”.  

Нахусттаҷриба ҳам бошад, вале боиси шодмонист, ки ахиран дар ноҳияи Вахш, тибқи иттилои Қобилҷон Файзализода, сардори Раёсати молияи ноҳия, дар доираи лоиҳае ба таври пилотӣ дар ҳузури мардум лоиҳаи буҷети ноҳия баррасӣ шуда, баъдан, барои мувофиқа ба Вазорати молияи кишвар пешниҳод гардид.     (Маълумотнома оид ба буҷети шаҳри Бохтар)

Таззод: “Нашр кардӣ?”. “Кардам!”

Роҳи дигари таъмини шаффофият дар кори таҳия ва тақсими буҷет ин тариқи воситаҳои ахбори омма ё сомонаҳои расмии мақомот ба баррасии умум пешниҳод кардани лоиҳаи буҷети маҳаллист. Вале, ба қавли Хайриддин Наҷмиддинов, лоиҳа то давраи эътибори қонунӣ пайдо кардан нашр намешавад. Баъдан ҳам масъалаи барои соҳаҳо чӣ қадар маблағ ихтисос ёфтан дар маҷмуъ расонаӣ шуда, тафсилот дода намешавад, ки он пулҳо ба гунаи мисол, барои харидорӣ, таъмир ё бунёди чи равон мегарданд.

Сармуҳаррирони нашрияҳои расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии Левакант, Шаҳритӯс, Дӯстӣ, Ёвон ва Кӯшониён тасдиқ карданд, ки онҳо буҷети маҳаллиро чанд соли охир инҷониб фақат пас аз тасвиби қарори маҷлиси вакилони халқ дар саҳифаҳои рӯзномаҳояшон ҷой медиҳанд.

Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Кӯшониён, дар баробари таъйиди ин нукта, афзуд: “Албатта, мо буҷетро қисман нашр мекунем. Чунки имкони овардани тамоми ҷузъиёти буҷетро надорем”.

Аммо номбурда тавзеҳ надод, ки аз чи сабаб ин имкон муҳайё нест.

“Вобаста ба сарфу харҷи буҷети ноҳия ҳар моҳи сеюм ба воситаи рӯзномаи ноҳия ба мардум маълумот пешниҳод мекунем. Дар ин масъала мо мушкилӣ надорем”, – баён кард Зафар Файзуллозода, раиси ноҳияи Қубодиён.  


Айни ин ҳарфҳоро, ки на лоиҳаи буҷет, балки худи онро мунташир мекунанд, раисони шаҳру навоҳии Левакант, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Вахш, Панҷ, Шаҳритӯс ва Носири Хусрав ҳам зикр карданд.

Мазмун, интишори то андозае пӯшидаи он аз ҷониби масъулон мақоли маъруфи “Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам!”-ро ба ёд меорад. Ҳол он, ки ба таъкиди Умед Абдуназарзода, сокинон ҳуқуқ доранд, иттилои бештар бигиранд. 


“Хуб аст, вақте ки мардум донанд, маблағи андозҳои супоридаашон барои беҳбуд ёфтани сатҳи зиндагияшон сарф мешавад”, – гуфт ӯ.

Бардошт: дӯғи ман турш нест!

Оё ба шаффофияти буҷетҳои маҳаллӣ бовар доред? Ин суолро мо дар ҳузури чанд тан аз дастандаркорони иқдомоти таҳия ва тақсими буҷетҳо ироа кардем.  

Раисони ноҳияҳо аз ин суол мушавваш нашуданд.

Ҷаббори Ғаффор гуфт: “Буҷет, албатта, шаффоф аст. Мо чизеро аз мардум пинҳон намедорем. Ҳар як маблағе, ки барои ин ё он масъала ҷудо мешавад, вакилон онро тасдиқ мекунанд”.

Зафар Файзуллозода изҳор кард: “Мувофиқи қонунҳои амалкунандаи кишвар дар ду сол як маротиба хароҷоти маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палати ҳисоб санҷида мешаванд”.

Хайриддин Наҷмиддинов ба ин суоли шояд бемуқаддимаи мо то ҷое ошкор посух гуфт. 

– Ин андеша, ки гӯё аз пӯшида нигоҳ доштани сарфи маблағҳо ва ба аҳли ҷомеа пешниҳод нашудани лоиҳаи буҷет мутасаддиёни раёсатҳои молия ва раисони шаҳру ноҳияҳо манфиатдоранд, асоси воқеӣ надорад, – гуфт ӯ. – Мо ин маблағҳоро пинҳон намекунем. Вазорати молия маҷаллае дорад, ки даромаду хароҷоти ҳармоҳаи буҷет дар он нашр мешавад.

Пардаҳои эҳтимолии “ғаразкорон”

Рустами Сафар – рӯзноманигоре, ки солҳои мадид дар матбуот ва радиою телевизиони музофотӣ ва марказӣ фаъолият карда, таҷрибаи сершумори ширкат дар иҷлосияҳои маҷлиси вакилони халқи шаҳру навоҳӣ ва вилоятро дорад,  бар ин назар аст, ки ба воситаи расонаҳо интишор накардани лоиҳаи буҷетҳои маҳаллӣ фаротар аз надоштани масъулият аст. 


– Дар асоси мушоҳидаҳои шахсии панҷсола гуфта метавонам, ки лоиҳаи буҷет аксаран ҳамагӣ як рӯз қабл аз иҷлосия чоп ва замони баргузории он ба дасти вакилон супурда мешавад, – мегӯяд вай. – Лекин мардуми одӣ ба лоиҳаи буҷет умуман дастрасӣ надоранд ва намедонанд, ки он чи гуна тақсимбандӣ мешавад.

Номбурда сабаби нашр нашудан ё барои муҳокима ба сокинон пешниҳод нагардидани лоиҳаи буҷетро аз ду ҷиҳати эҳтимолӣ меҳисобад.

Якум. Шояд баъзе масъулон дарк накунанд, ки шаҳрвандон ҳамчун андозсупоранда ё ба ибораи дигар, ташаккулдиҳандагони буҷетҳои маҳаллӣ ҳақ доранд, ҳангоми таҳияи лоиҳа иштирок карда, ҳатто онро мувофиқ ба ниёзҳои қонунии ҷамъиятияшон тағйир диҳанд. 

Дувум. Шояд манфиатҳои шахсии пасипардагӣ дар аснои харҷи маблағҳои буҷет ҷой дошта бошад. Яъне, агар лоиҳаи буҷет ба баррасии умум манзур гардад ва бо назардошти пешниҳодоти мутахассисони мустақилу шаҳрвандон қабул шавад, баъзе нафъҷӯён гӯё наметавонанд маблағҳои буҷетро мувофиқи хости худ сарф кунанд.

Муносибат таҷдиди назар мехоҳад 

Дар ҷомеаи мардумсолорӣ, ки ҳадс зада мешавад: “Ҳама чиз аз халқ асту барои халқ аст”, аз шаҳрвандон ё худ андозсупорандагон, яъне гурӯҳи калони ғанисозандаи буҷет худро канор гирифтани бахши иқтисодии ниҳодҳои зирабт, ба гумони ғолиб, мувофиқи мақсад нест. Беҳтар мебуд, агар лоиҳаҳои буҷетҳои маҳаллӣ ба баррасии умум пешниҳод шуда, аз ҷиҳати муҳтаво комилтар дархӯри ҳоли сокинон мураттаб мегардиданд. Нисбат ба фондҳои захиравии раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоят низ ҳамин тавр муносибат кардан маслиҳат аст. Зеро дурандешон аз ҳар амал боздеҳи мусбӣ интизоранд, масъулони муҳтарами вилоят.