Муовини аввали сарвазири Афғонистон Муҳаммад Хон имрӯз ба Тоҷикистон омада, пагоҳ, 16 ноябр дар маросими мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун ширкат меварзад, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ғайр аз ин, дар маросими ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳ вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев, муовини вазири энергетикаи Русия Андрей Черезов ва ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Сирл Мюллер низ ҳузур хоҳанд дошт.

Ба ин маросим намояндагони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла давлатҳои иштирокчиёни лоиҳаи CASA-1000, созмонҳои байнулмилалӣ, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвар ва журналистони васоити ахбори умумии хориҷии пешрафта даъват шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” таҳти назорати шахсии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар марҳилаи аввали баъди ба истифода додан (16 ноябр), иқтидори агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун 100 МВт-ро ташкил хоҳад дод. Истеҳсоли солонаи нерӯи барқ бо чунин иқтидор тақрибан 350 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад. Иқтидори лоиҳавии он ба 600 МВт баробар аст. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ 3600 Мвт-ро ташкил медиҳад, ки базургтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Моҳи апрели соли оянда ба истифода додани агрегати №5 дар назар аст.

Рӯзноманигорони “Азия-Плюс” санаи 14 ноябр аз аввалинҳо шуда бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба маросими ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳ аз наздик шинос шуданд. Дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун корҳои омодагӣ босуръат ҷараён доранд: агрегат аллакай аз реҷаи озмоишӣ гузашта, барои ба кор даровардан омода аст.

Ба қавли муҳандиси пешбари ҶСК “НБО Роғун” Саидшо Охунов, ҳаҷми оби захирашуда дар обанбори нерӯгоҳ кофист.

“Ҳаҷми об дар обанбор 214 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад, ки ин миқдор барои ба кор даровардани агрегати якуми нерӯгоҳ кофист”, - мегӯяд ӯ.

Баландии сарбанд айни замон беш аз 75 метрро ташкил медиҳад, ки ба кори муътадили турбина имкон медиҳад. Баъди анҷоми пурраи сохтмони иншоот баландии сарбанд то ба 335 метр мерасад. Агрегати якум дар марҳилаи аввал 80-120 Мвт нерӯи барқ истеҳсол хоҳад кард.

Айни замон тибқи маълумоти Охунов, ба ҷуз ширкати итолиёвии “Салини Импеҷило”, ки ба бунёди сарбанди нерӯгоҳ машғул аст, дар иншоот боз зиёда аз 70 корхонаҳои фаръӣ – ширкатҳо аз Эрону Русия, Чин, Олмон ва дигар кишварҳо кор мекунанд.

Бино ба гуфтаи Охунов, шурӯъ аз соли 2008 то имрӯз барои амалисозии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳудуди 12 млрд. сомонӣ маблағ харҷ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.