Рӯзноманигорони “Азия-Плюс” аз майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун боздид намуда, бо чашмони худ бовар ҳосил намуданд, ки ҳамаи иншооти нерӯгоҳ баҳри ба истифода додани агрегати аввал аз шаш агрегат рӯзи 16 ноябр омодаанд.

Боздиди журналистон аз майдони сохтмони нерӯгоҳ ба туфайли иқдоми Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон муяясар гардид. Имрӯз намояндагони ВАО-и хориҷӣ низ ба он ҷо раҳсипор мешаванд.

...Дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун айни замон беш аз 20 ҳазор нафар машғули коранд. Дар кори сохтмони иншоот зиёда аз 50 ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷмула русиягӣ, чинӣ, эронӣ ва дигар давлатҳо иштирок доранд.

Ҳамаи онҳо корҳои сохтмон ва васлу насбро бо фармоиши ҶСК “НБО Роғун” ба иҷро мерасонанд.

Бунёди яке аз иншооти муҳмтарини нерӯгоҳ – сарбанд зери паймонкории кулли ширкати итолиёвии Salini Impregilo сурат мегирад.

Қароргоҳи Salini Impregilo (паймонкори кулли сохтмони НБО Роғун) дар шаҳри Милан воқеъ аст. Мудири кулл, тоҷири итолиёвӣ Петро Салини мебошад. Ширкат муддати беш аз 100 сол фаъолият дошта, яке аз паймонкорони бузургтарин дар Аврупо маҳсуб меёбад. Имрӯз ширкат дар 50 давлатҳо машғули кор аст. Тӯли фаъолияти худ ширкат даҳҳо километр роҳҳои мошингарду оҳан, садҳо километр хати метро ва пулҳо, ҳамчунин сарбанду нерӯгоҳҳои барқи обӣ бунёд кардааст.

Сарбанд

Ба сохтмони сарбанд айни замон беш аз 3 ҳазор нафар машғуланд, аз ҷумла 1,5 ҳазор нафар бинокорони ширкати Salini Impregilo

Бунёди сарбанди гиливу хокӣ охири моҳи октябри соли 2016 оғоз гардид. То ин дам баландии сарбанд то ба нишондиҳандаи 75 метр расонида шудааст. Ҳаҷми об дар обанбор ҳозир 214 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад, ки ба гуфтаи бинокорон, барои ба кор даровардани агрегати аввал комилан кофист.

Сарбанд ва обанбор, 14 ноябри соли 2018
Asia-Plus

Барои сохтмони минбаъдаи сарбанд мутахассисони итолиёвӣ хати махсуси интиқолдиҳанда (конвейерӣ) гузошта истодаанд, ки тариқи он беш аз 40 млн. метри мукааб ҷинсҳои кӯҳии коркардшуда интиқол меёбанд. Дарозии он наздики 5,5 километрро ташкил хоҳад дод.

Хати интиқолдиҳанда (конфейерӣ), 14 ноябри соли 2018
Asia-Plus

Баландии сарбанд дар маҷмӯъ 335 метрро ташкил хоҳад дод, ки баландтарин сарбанди гиливу хокӣ дар ҷаҳон мешавад. Обанбори нерӯгоҳи Роғун соли 2033 то ҳадди ниҳоӣ бо об пур карда мешавад.

Сарбанди нерӯгоҳи Роғун дар ду марҳила бунёд мегардад. Марҳилаи аввал – сохтмони навбати аввал бо баландии 135 метр (то нишондиҳандаи мутлақи 1110 метр аз сатҳи баҳр) ва марҳилаи дуюм – давра ба давра бунёди сарбанди асосӣ бо баландии 335 метр.

Сарбанди навбати аввали нерӯгоҳ ба насб ва кори ду агрегати аввал пешбинӣ шудааст.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҳамаи шаш агрегат, нерӯгоҳи Роғун дар як сол 13,4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда метавонад, ки қариб ба ҳаҷми истеҳсоли тамоми иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ дар Тоҷикистон баробар аст.

Толори мошинҳо

Толори мошинҳо дар чуқурии 420 метри майдони харсангзор ҷойгир шудааст. Чунин таҷриба бори аввал дар сохтмони иншооти гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Бари толор, ки айни замон он ҷо шаш гидроагрегат насб мешаванд, 22 метр, баландиаш 78 метр ва дарозиаш 220 метрро ташкил медиҳад.

Толори мошинҳо, 14 ноябри соли 2018
Asia-Plus

Айни замон насби агрегати №5 пурра ба итмом расида, нахустин он ба кор дароварда мешавад. Айни замон он бо реҷаи беоб кор мекунад.

Агрегати №6, 14 ноябри соли 2018
Asia-Plus

Агрегати насбшуда муваққатӣ буда, барои иқтидорӣ то 390 МВт пешбинӣ шудааст. Минбаъд он бо агрегати иқтидори 600 МВт иваз мешавад.

Дар давраи аввал (бо назардошти сатҳи об дар обанбор) агрегат ба ҳисоби миёна бо иқтидори 100 Мвт кор мекунад, яъне дар як соат 100 ҳазор киловатт нерӯи барқ истеҳсол мекунад.

Дар паҳлӯи он корҳои насби аграгетаи дуюми №5 ҷарён доранд. Мутахассисон аллакай 50%-и ин корҳоро ба сомон расонидаанд. Моҳи марти соли 2019 ин агрегат барои истифода комилан омода мегардад.

Агрегати №5, 14 ноябри соли 2018
Asia-Plus

Ба сурати умум дар толори мошинҳо шаш агрегат насб шуда, иқтидори ҳар кадоме аз онҳо 600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, иқтидори умумии нерӯгоҳи Роғун 3600 Мвт-ро ташкил хоҳад дод, яъне нерӯгоҳ ба истеҳсоли 3,6 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як соат қодир мешавад.

Маҷмӯи дастгоҳи тақсимоти элегазӣ

Дастгоҳҳои тақсимоти элегазӣ (КРУЭ-500) барои қабул ва тақсимоти нерӯи барқи истеҳсолкардаи агрегатҳо пешбинӣ шуда, пурра барои кор омодаанд. Аз ин ҷо барқ ба шаш хати баландшиддат ба низоми ягонаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад.

Маҷмӯи дастгоҳи тақсимоти элегазӣ (КРУЭ), 14 ноябри соли 2018
Asia-Plus

Дастгоҳи тақсимот аз маҷмӯи асбобҳои мухобиротӣ, таҷҳизоти ёридиҳанда ва воситаҳои бақайдгирӣ ва андозагирӣ иборат аст.

Давоми насби дастгоҳҳо наздики 200 нафар ба кор дар он машғул буданд, акнун баъди ба истифода додани он, ин низоми автоматиро 15 мутахассис идора мекунанд.

Маблағгузорӣ

Ба гуфтаи масъулин, маблағгузории идомаи сохтмон тибқи нақшаи пешбинишуда ҷараён дорад. Аз оғози сохтмон барои бунёди иншооти нерӯгоҳи Роғун 12 млрд. сомонӣ маблағ равона гардидааст. Инҳо асосан маблағгузорӣ аз ҷониби буҷет, ҳамчунин маблағҳои ҷамъшуда аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” ва воситаҳои гирифташуда аз фурӯши қогазҳои қиматнок (евробондҳо) дар бозорҳои байнулмилалӣ мебошанд.

Соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун 4 млрд. 700 млн. сомонӣ маблағ харҷ шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, барои идомаи минбаъдаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар ҳаҷми наздики 4 млрд. доллар захираҳои молии иловагӣ заруранд.

Вазорати молия айни замон дар мавриди ҷалби қарзҳои имтиёзнок бо ниҳодҳои молии байнулмилалӣ гуфтушунид дорад. Ҳамчунин дигар роҳу воситаҳои ҷалби воситаҳои зарурӣ низ баррасӣ мешаванд.

Ҳамзамон бо ҷалби воситаҳои молиявии хориҷӣ, барои бунёди нерӯгоҳ маблағҳо аз буҷети давлатӣ низ равона хоҳанд гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.