Бюрои Қарзию Иттилоотии ТоҶикистон (БҚИТ), бо ёрии машваратии  IFC, узви Гурӯхи Бонки ҷахонӣ, воситахои навро барои арзёбии хавфҳои соҳаи кишоварзи оғоз мекунад.  Ин ташаббус давоми дастгирии васеътари БҚИТ аз тарафи IFC дар рушд ва таҳкими гардонидани мавқеи ширкат дар бозори кишвар мебошад.

Созишнома оиди расонидани  ёрии машваратӣ моҳи маи соли ҷорӣ ба имзо расидааст. Дар доираи ин созишнома БҚИТ дар якчоягӣ бо IFC нишондиҳандаҳои таҳлилиеро ҷорӣ мекунад, ки дар асоси маълумоти агрономӣ  ва намунаҳои коршиносӣ таҳрезӣ гардида,  барои баҳодиҳии дақиқи хавфҳои дар асоси скоринги  қарзгирандаҳои соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд. Ин нишондиҳандаҳо ба намунаи  ҳисоботи қарзӣ барои мизоҷони БҚИТ аз  қабили корхонаҳои кишоварзӣ илова карда мешванд.

Хамчунин коршиносон  «Раҳнамо ва дастурамал барои истифодабарандагони модули  рақамӣ» ва омӯзиши якрӯзаи омӯзгорон оид ба ҳамгироӣ ва истифодаи нишондиҳандаҳои нави таҳлилиро таҳия намудаанд.

Бюрои қарздиҳи ва иттилоотӣ  ва миҷозони он чӣ бурд мекунанд? 

Дар назар дошта шудааст, ки  ҷорӣ намудани нишондиҳандаҳои таҳлилӣ  самаранокии тахлили қарзии қарзгирони хоҷагии кишлокро ривоҷ медихад, ки ин агар аз як ҷиҳат, дастрасии  муассисахои  кишоварзиро  ба маблағгузори беҳтар гардонад,  аз ҷиҳати дигар, ба болоравии сифати баҳодиҳии хавфхои қарзӣ мусоидат мекунад ва хароҷоти бо он алокаманди амалиетиро  ихтисор менамояд.

Чи тавре ки  Манучехр Абдусамадзода, Директори генералии Бюрои Қарзию Иттилоотии Тоҷикистон мегӯяд,  «Эхтиеҷоти бозори муосир ва соҳаи молиявии ҷумхурии моро  ба назар гирифта, навсозии CLARA  давои мушкилот дар хулоса баровардани  сохторхои молиявӣ нисбати ин ё он қарздиҳии кишоварзӣ  мешавад». Ҳоло бозор ба воситаи зикршуда эхтиёҷ дорад ва мо боварӣ дорем, ки он на танҳо хатархои дар бозори қарздиҳи бударо то ба ҳадди ақал  мерасонад,  балки мӯҳлати таҳлили коршиносони  мутахассисро низ  кам мекунад.

Барои  хисобу китоби нишондиҳандаҳои таҳлилӣ системаи  коршиносии CLARA  (Cash-flow linked Agriculture Risk Assessment tool), ки  хавфҳои қарздиҳиро  барои қарзгирандагони кишоварзӣ бо ёрии  тарҳрезии дақиқи ҷараенҳои молиявии хоҷагӣ  дуруст баҳо дода метавонад, истифода бурда мешавад.

«Ин шарикӣ  як қисми  талошҳои IFC  нисбати беҳтар гардонидани дастрасӣ ба қарзҳо барои бизнеси хурд аст, он махсусан барои фермерҳо дар миқьёси  тамоми кишвар ахамият дорад», гуфт Ролф Бернд, Роҳбари  Барномаи умумичаҳонии  IFC –Бонки Чаҳони оид ба молия, рақобатпазирӣ  ва навоварӣ  дар Аврупо ва Осиеи Марказӣ.  «Бо ёрии воситаи навсозона Бюрои Қарзию Иттилоотии Тоҷикистон қобил аст ба сохторҳои молиявӣ кӯмак расонад, то онҳо хатарҳои қарздиҳиро дар соҳаи кишоварзӣ беҳтар баҳо дода, ба баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба молия мусоидат намоянд ва маҳсулнокӣ ва самаранокӣ чӣ дар миқьёси корхонаву муассисаҳо ва чӣ дар миқьёси  тамоми хоҷагии қишлоқ боло равад».

CLARA

CLARA (Маҷмӯи воситаҳои таҳлили қобилияти адо намудани  қарзҳои миҷозони кишоварзӣ дар заминаи  ҷараёнҳои пулӣ)

Интернет-хизматрасонии нав аст, ки барои баҳодиҳии зуд ва самаранок нисбати хавфҳои истехсолӣ дар кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. Ин хизматрасонӣ ҳисоббарории пешакиро барои хоҷагиҳои фермерӣ дар асоси кортҳои технологӣ оиди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ осон мекунад. Кортҳои технологӣ, ки маълумоти лозимиро оиди истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дарбар мегиранд, дар хазинаи маълумоти  хизматрасонии интернетӣ маҳфуз дошта мешаванд.

Ба хамин тариқ, байни платформаи рақамии БҚИТ ва  CLARA  хамгирои ба амал меояд, ки ба тавассути он  ду система мубодилаи маълумот мекунанд. Дар айни ҳол ба системаи CLARA танҳо маълумоти саволномаи махсус  гузаронида мешавад. Маълумоте, ки  мизоҷ ё қарзгирро муайян мекунад,  ба системаи CLARA  гузаронида намешавад.

Қобили қайд аст, ки ҳанӯз то ба  татбиқ гардиданаш  ин масолеҳ  дар байни сохторҳои маҳаллии молиявӣ , ки  қарздиҳии кишоварзиро  дар маркази  фаъолияти худ қарор доранд,  талабот пайдо карда буд.

Воситаҳои CLARA дар доираи  Лоиҳаи  IFC оиди рушди маблағгузории кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ, ки ба такмил додани дастрасӣ ба маблағгузорӣ равона шудааст,  тарҳрезӣ шудаанд.  CLARA ба БҚИТ дар якҷоягӣ бо  Лоиҳаи Корпоратсияи молиявии байналхалқӣ оид ба таҳкими инфрасохтори молиявӣ дар Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба такмил додани дастрасӣ ба маблағгузорӣ  ва мусоидат ба рушди бахши хусусӣ дар Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон бо роҳи таҳия ва тараққӣ додани системаи мубодилаи маълумоти  қарзӣ  машғул аст,  ворид карда шудааст. Лоиҳаҳо қисмати Барномаи муштараки IFC – Бонки чахонӣ  оиди молия, рақобатпазирӣ ва навоварӣ мебошад. Маблағгузории лоиҳаҳо аз ҷониби Вазорати федералии молиявии Австрия, Ҳукумати Ҷопон ва Котиботи Давлатии Швейтсария (SЕСО) оид ба масоили иқтисодӣ  сурат мегирад.