Ва ин сохтмон воқеъан ҳам моро мутаассир кард. Дуруст аст, ки рақамҳо низ таъсирбахшанд: 600 МВт – як агрегат, ки имрӯз ба кор дароварда мешавад, 3600 МВт – иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ, 335 метр – баландии сарбанд, лекин бо чашмони худ аз наздик дидани ин иншоот тамоман чизи дигар аст.

Албатта, барои расидан ба ин нишондиҳандаҳо ҳоло чандин сол заҳмати суботкорона лозим аст, вале аллакай аз ҳозир вусъати бузурги лоиҳа бешакку шубҳа аст. Худатон қазоват кунед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.