Муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Италия Манлио Ди Стефано дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки имрӯз, 16 ноябр доир мегардад, иштирок мекунад.

Рӯзи панҷшанбе Манлио Ди Стефано бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Хикматуллозода мулоқот карда, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи хориҷӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, энергетика, сайёҳӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

Қобили зикр аст, ки ба бунёди яке аз иншооти муҳиму асосии нерӯгоҳи Роғун – сарбанди он ширкати итолиёвии Salini Impregilo машғул аст.

Манлио Ди Стефаноро рӯзи панҷшанбе вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳузур пазируфта, зимни суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.

Хотиррасон мекунем, ки имрӯз соати 18:00 мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Ба ин маросим намояндагони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла давлатҳои иштирокчиёни лоиҳаи CASA-1000, созмонҳои байнулмилалӣ, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвар ва журналистони васоити ахбори умумии хориҷии пешрафта даъват шудаанд.

Дар маросими ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун муовини аввали сарвазири Афғонистон Муҳаммад Хон, вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев, муовини вазири энергетикаи Русия Андрей Черезов ва ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Сирл Мюллер низ ҳузур хоҳанд дошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.