Имрӯз соати 16:00 дар Тоҷикистон агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Бовар кунед, ин ҷо сухан натанҳо сари равшании хонадони мост.
Дар доираи амалисозии Стратегияи миилли рушд, ҳукумати Тоҷикистон даҳсолаи наздик ният дорад, ки иқтидорҳои саноатиро тақвият дода, кишварро ба давлати индустриалӣ-аграрии рушдёфта табдил диҳад. Барои ин доштани сарчашмаҳои иловагии энергия зарур аст.
Дар баробари ин, сол то сол шумори аҳолии кишвар меафзояд (беш аз 2% ба ҳисоби миёна дар як сол), яъне шумори хонаводаҳои нав низ зиёд мешавад, ки ба низоми таъмини барқи кишвар пайваст мешаванд.
Ғайр аз ин, содироти қисмате аз барқи нерӯгоҳ ба хориҷи кишвар дар назар аст. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҳамаи шаш агрегат, нерӯгоҳи Роғун дар як сол 13 -17 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда метавонад, ки қариб ба ҳаҷми истеҳсоли тамоми иқтидорҳои солонаи мавҷудаи энергетикӣ дар Тоҷикистон баробар аст.
Агар мо ҳар соле ба гунаи мисол 10 млрд. кВт-соат нерӯи барқро бо нархи 3-4 сент фурӯшем, пас 300-400 млн. доллар фоида ба даст оварда метавонем.
Ба сифати бозори фурӯши барқ дар навбати аввал Афғонистону Покистон баррасӣ мешаванд, ки ба камбуди шадиди барқ дучоранд. Содироти барқ ба ин кишварҳо тавассути хати интиқоли барқи CASA-1000 ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дигар бозорҳои фурӯш, аз қабили Ӯзбекистону ва дар оянда шояд Ҳиндустон низ дар мадди назаранд.
Боз як ҳадафи муҳим сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои кишварҳои минтақа дар он ифода меёбад, ки ҳанӯз замони шӯравӣ дар лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ танзими истифодаи сарчашмаҳои минтақавии об, беҳбуди вазъи мелиоративии миллионҳо гектар заминҳои кишоварзӣ, азхудкунии садҳо гектар заминҳои нав ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода низ аз ҷумлаи ҳадафҳои сохтмони нерӯгоҳ зикр шуда буд.
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҳамаи шаш агрегат, нерӯгоҳи Роғун дар як сол 13,4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда метавонад, ки қариб ба ҳаҷми истеҳсоли тамоми иқтидорҳои солонаи мавҷудаи энергетикӣ дар Тоҷикистон баробар аст.
АКНУН БИЁЕД САРИ ОН БА АНДЕША РАВЕМ, КИ 13,4 МЛРД. КВТ/СОАТ НЕРӮИ БАРҚ ЧИСТУ БА ЧӢ КОРҲО ҚОДИР АСТ. МИСОЛҲОИ ОДДӢ:
Ин таъмини солонаи се корхонаи истеҳсоли алюминий (баъди таъмиру навсозӣ) бо нерӯи барқ ё истеҳсоли 944,4 ҳазор тонна алюминий.
Ин ба хароҷоти 1 млн. 650 ҳазор тонна ангишт баробар аст.
Ин таъмини ҳашт шаҳре чун Душанбе бо нерӯи барқ давоми як сол
Роғун маҷрои обро танзим мекунад
Ҳаҷми умумии оби обанбори нерӯгоҳи Роғун (ҳудуди 70 км) тақрибан 13,5 километри мукааб ва ҳаҷми муфиди он наздики 10 километри мукаабро ташкил медиҳад. Фарқи асосии ин обанбор аз дигар обанборҳои силсиланерӯгоҳҳои дарёи Вахш дар он аст, ки ба таъмини бисёрсолаи танзими захираҳои об имкон фароҳам месозад, яъне ҳарчи бештар захира кардани об дар солҳои серобӣ ва истифодаи ин захираҳои андӯхта дар хушксолиҳо.
Гузашта аз ин, обанбори мазкур зарурати захираи обро дар обанборҳои поиноби нерӯгоҳи Роғун барои истеҳсоли барқ аз байн мебардорад, зеро онҳо аз лиҳози иқтидор аз нерӯгоҳи Роғун (3600 МВт) камтаранд: Норак (3000 МВт), Бойғозӣ (600 МВт), Сангтӯда-1 (670 МВт), Сангтӯда-2 (220), Сарбанд (240 МВт), Шаршара (29,5 МВт) ва Марказӣ (15,1 МВт).
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Боздошти 15 нафар барои қасди ҳамлаҳои террористии монанд ба “Крокус” дар Душанбе ва Ваҳдат
“Билетҳоро бозпас медиҳанд”. Парвози тоҷикон ба Русия кам шудааст
Тими Аврупо сатҳи огоҳии аҳолиро оид ба диабети қанд дар Тоҷикистон баланд мебардорад
Чӣ тавр оид ба кор дар Британияи Кабир маълумоти ройгон пайдо кардан мумкин аст?
“Ба фитнаву бало гирифтор нашавед!”. Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, эҳтиёткор бошанд
Боздошти 9 сокини шаҳри Ваҳдат дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”
Тоҷикистон шумори квотаҳоро ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ то 6,5 ҳазор адад кам кард
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста