Тоҷикистон ба рӯйхати 50-гона (ТОП-50)-и кишварҳои писандидаи сайёҳӣ барои русиягиҳо шомил шуд: дар қиёс бо соли гузашта тӯли 9 моҳи соли 2018 шумори сафарҳои шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон 1% - то 92 ҳазор нафар афзудааст.

Бино ба маълумоти агентии таҳлилии “ТурСтат”, дар рейтинги кишварҳо аз лиҳози сафари сайёҳони русиягӣ ба он дар соли 2018 Тоҷикистон зинаи 41-умро ишғол намуд.

Раддабандии мазкур бар асоси таҳлии маълумоти омории сафарҳои сайёҳон аз Русия ба хориҷи кишвар давоми 9 моҳ – аз 1 январ то 30 сентябри соли 2018 таҳия шуда, дар рейтинг ҳамагӣ аз 65 кишвар ном бурда мешавад.

Ӯзбекистон як зина боло аз Тоҷикистон – дар мақоми 40-ум ҷойгир шуда, тайи 9 моҳ 114 ҳазор нафар сайёҳони русиягӣ аз ин кишвар боздид кардаанд.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қирғизистон кишвари писандидатарин барои сайёҳони русиягӣ дониста шуда, дар ин давра 193 ҳазор нафар сайёҳони русиягӣ ба ин давлат омадаанд. Қирғизистон дар мақоми 29-уми рейтинг қарор дорад.

Ба 10-гонаи кишварҳои хориҷии писандида барои сайёҳони русиягӣ дар соли 2018 Туркия  (4,9 млн. сафар), Абхозистон (3,6 млн.), Финландия (2,5 млн.), Қазоқистон (2,3 млн.), Украина (1,8 млн.), Чин (1,4 млн.), Эстония (1,3 млн.), Гурҷистон (979 ҳазор), Олмон (950 ҳазор) ва Италия (849 ҳазор) шомил гардидаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.