То 1 апрели соли 2019 ҳамаи ташкилоту корхона ва муассисаҳое, ки хизматгузориҳои пулакӣ анҷом медиҳанд, бояд ҳатман қабули пардохтҳоро ба ҳамаи навъҳои хизматрасонӣ бо тартиби ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохт таъмин намоянд.

Дар қарори дахлдори санаи 30 ноябр қабулшудаи ҳукумат дар ин робита қайд мешавад, ки пардохтҳои ғайринақдӣ дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ қабул карда мешаванд.

Санад бо мақсади рушди минбаъдаи низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва вусъат додани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо дар Тоҷикистон қабул шудааст.

Кумитаи андози назди ҳукумат ва Хадамоти гумрук уҳдадор шуданд, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ба таври ҳатмӣ қабули пардохтҳои андоз, ҷарима, пеня, боҷу хироҷ ва дигар пардохтҳои давлатиро аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ амалӣ намоянд.

Ба вазорату идораҳои дахлдор дастур дода шуд, ки то 1 марти соли 2019 ба ҳукумат доир ба амалӣ намудани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва марҳила ба марҳила маҳдуд намудани ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд дар муомилоти пулии кишвар таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.

Кумитаи телевизион ва радио вазифадор шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатие, ки дар онҳо пардохти хизматрасониҳои пулакӣ ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҷори карда мешавад, тавассути воситаҳои ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои ташвиқотӣ гузаронанд.

Зербинои амалкунанда

Бино ба маълумоти Бонки милии Тоҷикистон, миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби 17 ташкилоти қарзии ватанӣ ба муомилот баровардашуда ба санаи 1 ноябри соли равон наздики 1,8 млн. ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 фоиз (беш аз 90, 5 ҳазор адад) зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад, беш аз 1,7 млн. нафарро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 фоиз (85 481 нафар) зиёд гардид.

Ба санаи 1 ноябри соли 2018 шумораи терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ 4 272 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи терминалҳои электронӣ 1 192 адад зиёд шуданд.

Аз ин миқдори умумии терминалҳои электронӣ 1 472 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд муҷаҳҳаз буда, дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии кишвар дар маҷмуъ 2 800 адад терминалҳои электронӣ насб гардидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,7% фоиз афзоиш ёфтааст.

Шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии барои мизоҷон дар ташкилотҳои қарзӣ кушодашуда, дар санаи 1 ноябри соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 фоиз афзоиш ёфта, 3,5 млн. ададро ташкил намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.