Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4% баландтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 4,8%, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ – 5,5% ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 5,8% боло рафтааст.

Нимсолаи дуюм ҷараёнҳои таваррумӣ тақвият ёфтанд: нимсолаи аввал мизони таваррум – ҳамагӣ 0,8% ва панҷ моҳи охир – 4,3%-ро ташкил дод.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли равон таваррумро дар сатҳи на бештар аз 7% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,7%-ро ташкил дода буд.

Кадом маҳсулоту хизматрасониҳо моҳҳои январ-октябр аз ҳама бештар қимат шуданд?

Маҳсулоти хӯрокворӣ:

Карам – 2 баробар

Сабзӣ- 1,9 баробар

Маска – 31,5%

Биринҷ – 19,3%

Равғани пахта – 11,1%

Орди навъи якум – 10,3%

Маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ:

Бензин - 17,9%

Матои абрешим - 11,9%

Дастгоҳҳои маишӣ - 9,6%

Маҳсулоти дорусозӣ - 8,5%

Гази моеъ – 7,8%

Семент - 7,2%

Воситаҳои шустушӯ - 5,7%

Хизматрасониҳо:

Нақлиёти мусофирбари ҳавоӣ – 23,6%

Нерӯи барқ – 14,9%

Обтаъминкунӣ ва обу корез - 10,4%

Равуо дар нақлиёти ҷамъиятӣ - 1,9%

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.