Мусобиқаи меҳнатие, ки аввали маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилояти Суғд эълон шуда буд, бо ғалабаи кишоварзони шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Ашт, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳ анҷом пазируфта, ба онҳо автомашинаҳои нави сабукрав тақдим карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, охири ҳафтаи сипаришуда дар назди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят ба ифтихори пешқадамони мавсими ҷамъоварии пахта чорабинии мутантан доир гардид.

Гуфта мешавад, соли равон нақшаи истеҳсоли пахта дар вилояти Суғд 100 ҳазору 38 тонна муқаррар гардида буд ва пахтакорони вилоят аз ӯҳдаи иҷрои супориш бо сарбаландӣ баромаданд, яъне нақшаи солонаро 112,6 фоиз иҷро намуданд.

Зикр гардид, ки баҳри саривақт ва беталаф ҷамъоварии ҳосили имсола бо қарори раиси вилоят байни шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо мусобиқаи меҳнатӣ эълон шуда, ҷиҳати қадршиносии пешқадамон аз ҳисоби буҷети вилоят 116 000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Натиҷаҳои мусобиқаҳои меҳнатӣ дар 3 давра ҷамъбаст гардида, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои ғолиб, инчунин хоҷагиҳои деҳқонии беҳтарин, механизаторони пешқадаму чинакчиёни чобукдаст бо мукофотпулию тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шуданд.

- Барои сари вақт ва бе талаф ҷамъ овардани пахта, ба ҳамаи кишоварзон, пахтакорон, обронҳою механизаторон, корхонаҳои пахтатозакунӣ, кормандони хоҷагии об, маорифу нигоҳдории тандурустӣ, кулли ёрдамчиёни корхонаю ташкилотҳои шаҳру ноҳиявӣ ва вилоятӣ миннатдории самимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро баён менамоям, - изҳор намуд раиси вилоят раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ.

1/3

Зимнан зикр мегардад, ки сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ашт, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳ барои саҳми арзандаашон дар иҷрои нақша Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва як ададӣ автомашинаи сабукрав супорида шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.