Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои навро дар самти пешгирии таъсири хатарҳои имконпазир ба иқтисоди ҷумҳурӣ тасдиқ намуд.

Нақшаи бо қарори ҳукумат 30 ноябр тасдиқшуда “Нақшаи тадбирҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалисозии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии хатарҳои имконпазир ба иқтисоди миллӣ” аз 24 банд иборат аст.

Санад аз 1 январи соли 2019 мавриди амал қарор гирифта, нақшаи зиддибуҳрониро, ки ҳукумат соли 2015 қабул карда буд, иваз менамояд.

Яке аз чунин бандҳои Нақша пешгирии беасоси болоравии нархҳо ба молу маҳсулоти аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳиму зарурӣ, гази моеъ, бензин, ҳамчунин ба хизматгузориҳои роҳи оҳан ва бахшҳои иҷтимоиро дар бар мегирад.

Ғайр аз ин, дар Нақша роҳандозии сиёсати пурсамари пуливу қарзии асъор, тақвияти назорат ва танзими фаъолияти бонкҳо, такмили зербинои низомҳои пардохт, густариши амали пардохтҳои ғайринақдӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар Нақшаи чорабиниҳо пайгирӣ (мониторинг)-и истифодаи ҳадафнок ва пурсамари воситаҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар ин самт дар назар аст.

Боз дар як банд роҳандозии тадбирҳо барои кам кардани вобастагии иқтисоди Тоҷикистон аз як кишвари бештар интихобшуда барои муҳоҷират ва интихоби давлатҳои гуногун барои он ба нақша гирифта шудааст.

Дар санад ҳамчунин чорабиниҳо оид ба таъмини фаъолияти устувори корхонаҳои давлатӣ ва бонкҳои дорои мушкилот зикр шудааст.

Дар банди ҷудогона дастур дода мешавад, ки дар самти барқарор кардани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ тавассути “ташаккули механизми устувори назорати бонкӣ ва суғуртаи амонатҳо, ҳамчунин низоми фарогирии молия дар кишвар” тадбирҳо андешида шаванд.

Дар банди дигар беҳбуди вазъи молӣ-иқтисодии корхонаҳои бузурги давлатӣ, аз ҷумла “Барқи тоҷик”, “ТАЛКО”, “Тоҷик Эйр” ва КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба нақша гирифта шудааст.

Дар самти беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ низ дар санад бандҳо пешбинӣ шудаанд.

Ба сохторҳои дахлдори давлатӣ дастур дода шудааст, ки ҳар се моҳ ба ҳукумат дар бораи ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо маълумот пешниҳод намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.