Қарзи умумии корхонаҳои бузург ва миёнаи Тоҷикистон тайи соли охир қариб ба миқдори 21 млрд. сомонӣ (2,2 млрд. доллар) зиёд шуд.

Ба санаи 1 октябри соли 2018 қарзи умумии корхона ва ташкилотҳо (бидуни назардошти тиҷорати хурд) аз рӯи уҳдадориҳо ба 63,4 млрд. сомонӣ (6,7 млрд. доллар) баробар шуд, ки нисбат ба санаи 1 октябри соли 2017 – 20,7 млрд. сомонӣ бештар аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии омори назди президенти ҶТ. Аз ҷумла, наздики 1 млрд. сомонро қарзҳои батаъхирафтода ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми умумии уҳдадориҳои қарзӣ назди ин корхонаҳо (қарзи дебиторӣ) ҳамагӣ каме бештар аз 20,1 млрд. сомонӣ ва вазни хоси корхонаҳои зиёновар дар шумори умумӣ ҳудуди 28%-ро ташкил додааст.

Корхонаҳои зиёновар аз ҳама бештар дар соҳаҳои саноати коркард (27,6% аз шумори умумӣ), сохтмон (14,7%), нақлиёт, хоҷагии анбор ва алоқа (7,5%) ба қайд гирифта шудааст.

Қарздори рақами 1

Қариб чоряки ҳисса аз қарзи умумии корхонаҳо ба ширкати “Барқи тоҷик” рост меояд, ки дар маҷмӯъ (бо назардошти воситаҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ) зиёда аз 15 млрд. сомонӣ қарздор мебошад.

Ширкати байнулмилалии консалтингии Moore Stephens аз рӯи натиҷаҳои аудит (санҷиш)-и ҳисоботнокии “Барқи тоҷик” дар соли 2017 қайд карда буд, ки соли гузашта ширкат аз фаъолияташ дар ҳаҷми беш аз 3,4 млрд. сомонӣ (беш аз 300 млн. доллар) зиён дида, бар замми ин, уҳдадориҳои молиявии холдинг нисбат ба дороиҳои кӯтоҳмуддат 8,5 миллиард сомонӣ бештар аст.

Аудиторон ба хулосае расида буданд, ки бидуни дастгирии молӣ аз ҷониби давлат, “Барқи тоҷик” минбаъд ба идомаи фаъолият қодир нахоҳад буд.

Ҳамчунин нимаи ҳамин сол мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатиро аз ҷумлаи хатарҳои асосӣ дар иқтисоди Тоҷикистон мансуб дониста, дар навбати аввал аз қарзҳои андози корхонаҳои бузурги ҷумҳурӣ нигаронӣ изҳор намуда буданд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.