Бонки осиёгии рушд (БОР) барои омӯзиши ҳолати пиряхҳо дар Тоҷикистон ба сифати грант 10 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Зимни суханронӣ дар палатаи поёнии парлумон вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода дар ин робита изҳор намуд, ки дар доираи амалисозии созишномаи моҳи октябр баимзорасида «Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ» байни ҳукумати Тоҷикистон ва БОР, илова ба омӯзиши вазъи пиряхҳо ҷиҳати таҳкими имконоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон низ воситаҳо ҷудо мешаванд.

Ғайр аз ин, имрӯз вакилони мардумӣ аз Созишномаи грантӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ – маблағгузории иловагӣ» якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур дар маҳаллаи 104-уми шаҳри Душанбе барои обуҳавошиносони тоҷик бинои истиқоматии 11-ошёна сохта шуда, ҷиҳати огаҳкунии аҳолӣ аз хатари обхезиҳо таҷҳизоту техника харидорӣ мешавад.

Барои амалисозии ин лоиҳа Бонкии осиёгии рушд ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 11,5 млн. доллар грант ҷудо мекунад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.