Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта 5,4%-ро ташкил дод.

Тавре аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, тӯли сол маҳсулоти хӯрокворӣ – 5%, ғайрихӯрокворӣ – 6,4% ва тарифҳо ба хизматгузории пулакӣ барои аҳолӣ – 4,9% боло рафтанд.

Қобили зикр аст, ки ҳукумат мизонаи таваррумро аз рӯи натиҷаҳои соли 2018 дар сатҳи 7% нигоҳ доштанӣ буд. Соли 2017 сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 6,7%-ро ташкил дода буд.

Бештар чӣ қимат шуд?

Маҳсулоти хӯрокворӣ

 - карам – 1,9 баробар

 - сабзӣ – 51,8%

 - равғани маска – 9,9%

Маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ

- бензин – 18,4%

- дастгоҳу таҷҳизоти маишӣ – 12,1%

- гази моеъ – 6,6%

Хизматгузориҳои пулакӣ

- нерӯи барқ – 14,9%

- обтаъминкунӣ – 10,4%

- билетҳои ҳавопаймоӣ – 6,4%.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.