Баъди танаффуси ҳафтсола интиқоли гази табиӣ, ки аз Ӯзбекистон ворид мешавад, ба қисмате аз аҳолии шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Аз аввали ҳамин моҳ наздики 20 хонаҳои хусусии воқеъ дар қисмати шимолу шарқӣ пойтахт ба лӯлаи газ пайваст шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори хадамоти садамавии ҶСК “Душанбегаз” Собир Тағоев.

Ӯ қайд кард, ки истеъмолгарон барои 1 метри мукааби газ 1,7 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд, ки дар муқоиса бо арзиши он дар нуқтаҳои фурӯш бамаротиб арзонтар аст.

Бино ба гуфтаи Тағоев, айни замон корҳо оид ба барқарор намудани зербино ҷараён дошта, то охири моҳ боз 20-30 хона бо гази табиӣ таъмин мешаванд.

“Алҳол ба хотири бехатарӣ аз интиқоли гази табиӣ ба хонаҳои баландошёна худдорӣ кардем, чунки дар ин хонаҳо оид ба барқарор кардани иншооти зербино корҳои зиёдеро ба сомон расонидан лозим аст, ки маблағи зиёдро металабанд”, - гуфт Тағоев.

Ғайр аз ин, таъкид дошт номбурда, бинобар сабаби мавҷуд набудани газ, корхонаи “Душанбегаз” муддати тӯлонӣ кор намекард ва мутаносибан барои барқарор кардани тамоми иншооти зербино дар муддати кӯтоҳ имкону восита надорад. “Чунки лӯлаҳову ҳисобкунакҳои истеъмолгаронро мо бояд аз ҳисоби худ барқарор кунем”, - гуфт ӯ

Зимнан зикр гардид, ки айни замон “Душанбегаз” шабонарӯзӣ то 600 ҳазор метри мукааб газ гирифта, ҳозир истеъмолгари асосии гази Ӯзбекистон Маркази барқу гармидиҳии Душанбе мебошад, зерои истифодаи газ барои марказ 5 баробар аз мазут ва 4 баробар аз ангишт арзонтар меафтад.

Ба қавли намояндаи “Душанбегаз”, айни замон чанде аз меҳмонхонаву корхонаҳои хурд, ки дар наздикии шоҳқубур ҷойгиранд, низ ба миқдори начандони зиёд гази табиӣ мегиранд. “Феълан дар мавриди пайвастани меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe ба лӯлаи гази табиӣ корҳо ҷараён доранд”, - иброз дошт вай.

Зимнан илова шуд, ки “Душанбегаз” ба афзоиши шумори истеъмолгарони гази табиӣ дар пойтахт манфиатдор аст, чунки бо анҷоми мавсими гармидиҳӣ, Маркази барқу гармидиҳӣ корашро қатъ намуда, гази барои он пешбинишударо лозим аст, ки ба ҷойи дигаре интиқол диҳанд.

Мувофиқи маълумоти охир (аз гузориши “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон”) то 1 октябри соли 2018 аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба маблағи қариб баробар ба 1 млн. доллар наздики 10 млн. метри мукааб газ ворид шудааст. Ин маънои онро дорад, ки “Тоҷиктрансгаз” барои 1 ҳазор метри мукааб ба Ӯзбекистон 100 доллар маблағ пардохт мекунад, ки тақрибан се маротиба арзонтар нисбат ба нархҳои ҷаҳонӣ ба ин навъи сӯзишворӣ мебошад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.