Афзоиши ҳаҷми воқеии иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта 7,3%-ро ташкил дод, ки 0,3% банди фоизӣ аз интизориҳои ҳукумат бештар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2018 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и истеҳсолшуда дар ҳаҷми беш аз 68,8 млрд. сомонӣ (зиёда аз 7,3 млрд. доллар) ташаккул ёфт, ки дар таносуби нархҳои қиёсӣ нисбат ба соли 2017 ба андозаи 7,3% зиёдтар мебошад.

Ҳиссаи соҳаи саноат ва бахши кишоварзӣ дар сохтори ММД кишвар қариб баробар шуд: мутаносибан 18,7% ва 17,3%. Лекин ин ба афзоиши назарраси ҳиссаи саноат (соли 2017 – 17%) вобаста набуда, баръакс ба коҳиши назарраси ҳиссаи бахши кишоварзӣ вобаста аст: аз 21,1% дар соли 2017 то ба 18,7% дар соли 2018.

Ҳиисаи савдо дар сохтори ММД-и соли гузаштаи Тоҷикистон – 14%, нақлиёт – 10,8%, андозҳо – 10,6% ва сохтмон – 9,7%-ро ташкил дод.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2018 ҳукумати ҷумҳурӣ афзоиши ҳаҷми ММД-ро дар сатҳи 7% пешгӯӣ карда буд. Имсол низ дар ҳамин сатҳ афзоиш пешбинӣ шудааст.

Коршиносони Хазинаи байнулмилалии асъор ҳаҷми афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2018 – дар сатҳи 5%, Бонки осиёгии рушд – 6%, иқтисолдчиёни Бонки авруосиёии рушд – 7,1% пешгӯӣ карда буданд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.