Чанде қабл Кумитаи андози Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки масъалаи ситонидани маблағ барои хизматгузории иловагӣ, маҳз зимни истифодаи гуфтугӯ бо мессенҷерҳои Whatsapp, Viber, Messenger ва ғайра баррасӣ шавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон Ғафур Эркаев хабар дод, Кумитаи андоз аз субъектҳо талаб намудааст, ки имкони ситонидани пардохт аз аҳолӣ барои пешниҳоди хизматгузориҳои зикршуда мавриди баррасӣ қарор гирад.

Кумита аз операторони алоқаи мобилӣ тақозо кардааст, ки ҳар як дақиқаи гуфтугӯи муштариён тариқи Viber, Whatsapp, IMO ва дигар мессенҷерҳо ҳисобу китоб шуда, мувофиқи он ба буҷет андоз пардохта шавад.

Ҳадаф аз пешниҳоди мазкур афзоиши даромад ба буҷети кишвар унвон мешавад.

Бино ба гуфтаи Ғафур Эркаев, талаботи Кумитаи андоз ба инобат гирифта шуда, субъектҳои хоҷагидор ба мақомоти дахлдори танзимгари бахши алоқа посух омода мекунанд ва дар он операторони мобилӣ пешниҳоду тавсия ва шарҳу тавзеҳи худро дар мавриди ин масъала изҳор мекунанд.

“Ҳисоби дақиқаҳои гуфтугӯи муштариён тариқи мессенҷерҳо аз лиҳози техникӣ ғайриимкон аст. Таҳиягарони мессенҷерҳо, ки аз онҳо дар Тоҷикистон истифода мебаранд, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии Тоҷикистон нестанд. Мессенҷерҳо аз ҷониби сохторҳое танзим мешаванд, ки онҳоро бунёд кардаанд”, - қайд кард Эркаев.

То замони нашри матлаб ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки дар мавриди ин масъала аз Хадамоти алоқа ва Кумитаи андоз шарҳу тавзеҳ бигирад.

Ёдрас мекунем, ки охири соли 2017 раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода ба унвони президенти мамлакат мактуб фиристода, пешниҳод намуда буд, ки аз сервисҳое чун Google, Apple, Microsoft, Facebook, eBay, Aliexpress, Yahoo ва ғайра андоз ситонида шавад. Ба ақидаи ӯ, ба ин васила ҳаҷми воридоти маблағҳои иловагӣ ба буҷет ба таври назаррас зиёд мешавад.

Нусратулло Давлатзода дар номааш зикр карда буд, ки бахши электронии фаъолият дар Тоҷикистон зери назорат қарор надорад.

«Дар ҳамин ҳол, одамон тариқи интернет билетҳои ҳавопаймоӣ, бозиву китобҳо  мехаранд, пешакӣ меҳмонхона фармоиш медиҳанд, вале бинобар сабаби номукаммал будани қонунгузории мо, андозбандии ин амалҳо ғайриимкон аст», - қайд карда буд ӯ ва сомонаҳое чун  mango.tj, volna.tj, megamag.tj, duexpress.tj-ро ба сифати мисол оварда буд.

Дар мактуб ҳамчунин қайд шуда буд, ки «дар натиҷаи истифодаи зангҳои NGN айни замон даромад аз андозҳои алоқаи овозии байнулмилалӣ кам шуда, мардум аз мессенҷерҳое ба монанди Wechat, Viber, OK, VK истифода мебаранд ва аз ин рӯ, назорати ин сервисҳо, афзоиши арзиши истифода аз онҳо ва ба ин васила зиёд кардани воридоти маблағ ба буҷет зарур аст».

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.