Ба ҳукумати Тоҷикистон муяссар шуд, ки нақшаи даромад ба буҷети давлатиро дар соли гузашта барзиёд иҷро намояд. Аз нақшаи пешбинишуда ба буҷет 70 млн. сомонӣ (наздики 7,5 млн. доллар) иловагӣ маблағ ворид шуд.

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молияи ҷумҳурӣ, соли 2018 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 23,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки аз нақшаи тасҳеҳшуда ба андозаи 0,3% зиёдтар аст.

Даромадҳо аз пардохти андоз дар соли гузашта наздики 15 млрд. сомониро ташкил доданд, ки ба ҳудуди 65% аз ҳаҷми умумии даромадҳо ба буҷет баробар аст.

Дар муқоиса бо соли 2017 соли гузашта ҳаҷми ҷамъоварии андоз аз даромад, андоз аз фоида, аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориши чанде қабл нашршудаи Бонкиҷаҳонӣ оид ба иқтисоди Тоҷикистон қайд мешавад, ки соли гузашта камбуди воридоти маблағ ба буҷети ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҷарима ва ҷаримаҳои аҳдшиканӣ (пеня)-ҳои ситонида дар ҷараёни санҷишҳои сайёри соҳаи тиҷорат рӯйпӯш мешуданд.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ зикр мегардад, ки соли гузашта Тоҷикистон маъмулан чун солҳои пешин барои дастгирии буҷети давлатӣ грантҳо нагирифт.

“Ҳамаи шарикони рушд барномаҳои дастгирии буҷетиро то замони тавофуқ ҳосил кардани ҳукумат бо Хазинаи байнулмилалии асъор мавқуф гузоштанд”, - гуфта мешавад дар гузориш.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.