Қариб 98% аз шумораи умумии аҳолии коршоями кишвар дар иқтисод машғули кор буда, ҳудуди 52 ҳазор нафар расман дорои мақоми бекорӣ мебошанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар сохтори коргарон аз лиҳози навъҳои фаъолияти иқтисодӣ 45% - ба бахши кишоварзӣ, 20,1% - ба соҳаи маориф ва 9,5% - ба соҳаи тандурустӣ рост меояд.

Дар саноати коркард – 4,8%, идоракунии давлатӣ ва мудофиа – 3,9%, сохтмон – 2,9%, нақлиёту савдо – 2%-ӣ ва миёнаравии молиявӣ – 1,5% машғули коранд.

Дар ҳамин ҳол, маҳз дар бахши кишоварзӣ, соҳаи тандурустӣ ва маориф маошҳои аз ҳама пасттарин ба қайд гирифта шудааст: музди меҳнати миёна дар бахши кишоварзӣ – 617 сомонӣ (65 доллар), тандурустӣ – 817 сомонӣ (86 доллар) ва маориф – 933 сомонӣ (99 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Маоши аз ҳама зиёдтарро кормандони бахши миёнаравии молиявӣ (бонку дигар ташкилотҳои қарзӣ) – 3 ҳазору 520 сомонӣ (374 доллар), сохтмон – 2 ҳазору 605 сомонӣ (276 доллар) ва саноати истихроҷи кӯҳӣ – 2 ҳазору 488 сомонӣ (264 доллар) мегиранд.

Мавриди зикр аст, ки музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар кишвар 1 ҳазору 324 сомонӣ (140 долллар)-ро ташкил медиҳад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.