Тоҷикистон соли гузашта ба сегонаи аввали кишварҳои ҷаҳон бо таносуби баландтарини ҳаҷми интиқоли маблағ ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) шомил гардид.

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ таносуби нисбатан балндтари ҳаҷми интиқоли маблағ ба ММД-ро дар Тонга (35,2%) ва Қирғизистон (33,6%) ба қайд гирифтаанд.

Пулҳое, ки соли 2018 ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд, ба 31%-и ММД-и соли гузашта баробар буда, бо ин нишондиҳанда Тоҷикистон пас аз Тонга ва Қирғизистон қарор гирифтааст, гуфта мешавад дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва рушд.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки соли гузашта ба Тоҷикистон 2,3 млрд. доллар маблағ интиқол дода шудааст. Ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ дар соли гузашта зиёда аз 7,3 млрд. долларро ташкил дода буд.

Ҳаҷм ва таносуби интиқоли пул ба ММД

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ қайд мекунанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз қабили Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон "аз “устуворона барқарор шудани фаъолнокии иқтисодӣ дар Русия, ки нуқтаи асосӣ барои муҳоҷирони тахассусашон паст аз ин давлатҳо мебошад, фоида диданд”.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2018 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 2,5 млрд. доллар маблағ фиристодаанд, ки ба 34% аз ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ дар соли гузашта баробар аст.

Қобили зикр аст, ки Русия барои муҳоҷирони тоҷик бозори асосии кор боқӣ монда, тибқи маълумоти гуногун, айни замон шумори онҳо дар ин кишвар беш аз 1 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.