Дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли 2018 интиқоли пул аз ҷониби шахсони хусусӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ба андозаи 5,1% кам шуд.

Семоҳаи аввали соли 2019 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 462 млн. доллар (ҳамин давраи соли 2018 - 487 млн. доллар) маблағ интиқол доданд, хабар медиҳад Бонки марказии Русия.

Интиқоли маблағҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Тоҷикистон ба Русия бештар назаррас (30,9%) коҳиш ёфта, аз 42 млн. доллар дар семоҳаи аввали соли гузашта то ба 29 млн. доллар дар семоҳаи аввали соли 2019 поин рафтаанд.

Дар ин давра шахсони воқеӣ аз Русия бештар ба Швейтсария (беш аз $1,3 млрд.), Ӯзбекистон ($818 млн.), Британияи Кабир ($573 млн.), ИМА ($572 млн.), Латвия ($537 млн.) ва Қирғизистон ($453 млн.) пул фиристодаанд.

Дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли 2018 ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Ӯзбекистону Қирғизистон мутаносибан ба андозаи 7,3% ва 4,3% афзудааст.

Қобили зикр аст, ки наздики 90%-и интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон бо рубли русӣ сурат мегирад.

Тибқи маълумоти гуногун, айни замон беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.