Тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи умумии 65,3 млн. доллар ба хориҷи кишвар масолеҳи сохтмон содирот кардааст.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, дар ин давра ба кишвар ба маблағи 39,2 млн. доллар масолеҳи сохтмон ворид шудааст.

Тавозуни мусбатро дар савдои масолеҳи сохтмон барои ҷумҳурӣ семент таъмин кардааст, ки дар ин давра ба маблағи 64,9 млн. доллар ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхта шудааст.

Аз ҷумла, ба Ӯзбекистон 842 ҳазор тонна, Афғонистон – 546 ҳазор тонна ва Қирғизистон – 78 тонна семент содирот шудааст.

Истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 3,9 млн. тонна асосан аз ҷониби корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин таъмин карда мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат, дар маҷмӯъ давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ба маблағи 2,5 млрд. сомонӣ ($258 млн.) масолеҳи сохтмон истеҳсол шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.