Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ 2 млрд 454 млн долларро ташкил дод, ки 245,6 млн доллар камтар нисбат ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, касри гардиши савдои ҷумҳурӣ (афзалияти воридот нисбат ба содирот) ба 1 млрд 40 млн доллар расид

Тӯли 7 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 707 млн доллар молу маҳсулот содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3% ё худ 66 млн доллар бештар аст.

Молу маҳсулоти Тоҷикистон имсол дар навбати аввал ба Швейтсария, Туркия ва Қазоқистон интиқол дода шуд.

Ба хориҷи кишвар асосан сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, маҳсулоти минералӣ (семент, маъдан, ангишт, неруи барқ), маҳсулоти нассоҷӣ ва маснуот аз он, фулузоти арзон ва маснуот аз он содирот шуданд.

Ҳаҷми воридот тӯли 7 моҳ зиёда аз 1 млрд 746 млн долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6% ё худ 111,3 млн доллар камтар мебошад.

Молу маҳсулот ба Тоҷикистон имсол асосан аз Русия, Қазоқистон ва Чин ворид карда шудааст.

Ба ҷумҳурӣ маҳсулоти минералӣ, саноати кимиё, маҳсулоти тайёри ғизоӣ, фулузоти арзон ва маснуот аз он, маҳсулоти рустанӣ ва дигар молу маҳсулот оварда шуданд.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (савдои дуҷониба - беш аз $566 млн), Қазоқистон ($515 млн), Швейтсария ($307 млн), Чин ($267 млн), Туркия ($185 млн) ва Ӯзбекистон ($188 млн) дониста шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.