Дар ҷараёни савдо дар биржаи фондӣ арзиши бозории саҳмияҳои корпоратсияи Apple ба зиёда аз 2 трлн доллар расид. Истеҳсолкунандаи iPhone аввалин ширкати амрикоии оммавӣ шуд, ки ба ин нишондиҳанда расид. Дар ин бора Deutsche Welle хабар медиҳад.

Ду сол пеш низ Apple нахустин ширкате буд, ки нишондиҳандаи ҳадди 1 трлн долларро гузашт. Барои ба даст овардани триллиони ававлин ширкат наздики 38 сол аз замони роҳ ёфтан ба биржа роҳ паймуд.

Минбаъд Amazon, Microsoft ва Alphabet (Google) низ ба ин нишондиҳанда расиданд. Пеш аз Apple танҳо як ширкати нафтӣ аз Арабистони Саудӣ - Saudi Aramco моҳи декабри соли 2019 ба ҳадди 2 трлн доллар даст ёфта буд, лекин ҳозир ҳаҷми сармояи он коҳиш ёфт.

Дар пӯшида шудани савдо як саҳмияи Apple 462,83 доллар нарх дошт. Ҳудуди 4,7 млрд саҳмия дар гардиши озод қарор дорад. Моҳи июл шӯрои мудирони ширкат тақсим (ҷудо кардан)-и саҳмияҳоро дар нисбати чор ба як тасдиқ намуд.

Ин тадбир коғазҳои қиматноки ширкатро барои сармоягузорон бештар дастрас карда, лекин ба сармояи умумии бозорӣ таъсир намерасонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.