Ширкати Mercedes то соли 2030 аз истеҳсоли мошинҳои дорои муҳаррикҳои дарунсӯз комилан даст кашида, ба васлу насби мошинҳои барқӣ мегузарад. Дар ин бора дар иттилоияи молики тамғаи ширкат Daimler хабар дода мешавад, менависад Медуза.

Ҳама моделҳои нави Мерседес аз соли 2025 бо нерӯи барқ ​​кор карда, аммо дар муддати панҷ сол пас аз ин дар корхонаҳои ширкат истеҳсоли моделҳои кӯҳна бо муҳаррикҳои дарунсӯз идома хоҳад ёфт.

Ширкат инчунин тасмим гирифтааст, ки дар саросари ҷаҳон ҳашт корхонаи нави истеҳсоли батареяҳо барои мошинҳои барқӣ ва шабакаи ҷаҳонии истгоҳҳои таъмину сарфаи барқро бунёд кунад.

Баҳри амалисозии ин ҳадафҳо ширкати Mercedes 40 млрд евро маблағ ҷудо кардааст.

14 июл Комиссияи Аврупо консепсияи тарҳи муқовимат бо тағйирёбии иқлимро рӯнамоӣ кард. Дар яке аз бандҳои ин тарҳ зикр мегардад, ки аз соли 2035 фурӯши автомобилҳои дорои муҳаррикҳои дарунсӯз дар Иттиҳоди Аврупо манъ мешавад.

Поёни моҳи июн ширкати Audi низ эълом дошт, ки аз мошинҳои дорои муҳаррики дарунсӯз даст мекашад. Ин ширкат ҳам ният дорад, ки аз соли 2026 комилан ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ гузарад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.