Бонки осиёии рушд (БОР) стратегияи шарикӣ бо Тоҷикистонро барои солҳои 2021-2025 қабул кард, гуфта мешавад дар баёнияи матбуотии намояндагии доимии БОР дар Душанбе.

Гуфта мешавад, стратегияи нав ба баланд бардоштани сифати рушди иқтисодии кишвар тавассути дастгирии талошҳои ҳукумат дар самти беҳбуди натиҷаҳои истеҳсолӣ ва ҷалби сармоягузории хусусӣ равона мешавад.

Дар доираи стратегияи нав, фаъолияти БОР дар Тоҷикистон се афзалияти зерини стратегиро дастгирӣ хоҳад кард:

- дастгирии ислоҳоти сохторӣ барои беҳтар намудани тақсимот ва сафарбаркунии захираҳо;

- баланд бардоштани натиҷаҳои истеҳсолии кор тавассути рушди сармояи инсонӣ;

- мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ тавассути сармоягузорӣ ба коммуникатсияҳои рӯизаминӣ.

«Стратегияи нави шарикии мо нияти қатъии БОР-ро дар расонидани кумак ба Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти асосии рушд, аз ҷумла, барқароршавӣ аз пандемияи COVID-19 тасдиқ мекунад. Ин стратегия ба ҳамкории қаблии мо бо Тоҷикистон дар самти тобоварӣ ба зарбаҳои беруна ва расидан ба рушди устувор ва фарогир такя мекунад”, - гуфтааст Евгений Жуков, мудири кулли БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ.

Интизор меравад, ки БОР ислоҳоти сохтории ҳукуматро барои ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ дастгирӣ кунад.

"Бо мақсади баланд бардоштани натиҷаҳои истеҳсолӣ, БОР минбаъд низ дастгирии таҳсилот ва рушди малакаҳои рӯзмарра барои бозорро дастгирӣ карда, инчунин ба таҳкими фаъолияти хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард", -омадааст дар иттилоияи расмӣ.

БОР барои беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, истеҳсолоти кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои табииро дастгирӣ мекунад.

БОР бузургтарин мададрасони молиявии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз соли 1998 инҷониб беш аз 2,2 млрд доллар, аз ҷумла тақрибан 1,7 млрд доллар грант ҷудо кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.