Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) маълумоти расонаҳои хориҷиро вобаста ба имзои созишнома дар бораи ҳамкорӣ бо платформаи байнулмилалии Fantom Foundation, ки ба корҳои асъори рақамӣ машғул аст, рад мекунад.

Дар маълумоти дар ин робита нашршудаи БМТ гуфта мешавад, бо ширкати Fantom Foundation дар мавриди Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) ягон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо нарасонидааст ва ягон хел тасмим ҳам гирифта нашудааст.

“Маълумот оид ба ҷорӣ намудани Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) тавассути БМТ дар Тоҷикистон нодуруст буда, ба ҳақиқати воқеӣ рост намеояд”, - омадааст дар раддия.

Дар БМТ таъкид мекунанд, ки аз ин рӯ БМТ аллакай дар хусуси интишори иттилои нодуруст ба фонди Fantom Foundation мактуб ирсол намудааст.

Дар хабарҳо бо истинод ба твиттери Fantom Foundation доир ба “шарикӣ бо яке аз бонкҳои Тоҷикистон - Ориёнбонк” ҷиҳати таҳияи асъори миллии рақамии кишвар (CBDC)” маълумот дода мешавад.

Маълумоти васеъ аз твиттери Fantom Foundation хориҷ шуда, лекин дар ҷадвали замонии хабарҳо дар чунин шакл боқӣ мондааст.


Дар хабарҳо зикр мешавад, ки Fantom Foundation мутобиқи қарордод, сомонии тоҷикиро барои пардохтҳои чакана ва тиҷоратӣ рақамӣ сохтанист.

“Барои таҳия ва баргузории озмоиши шабакаҳои пардохти чакана ва тиҷоратӣ бо версияи рақамишудаи асъори Тоҷикистон, БМТ ба Orienbank ва Fantom ҳамроҳ мешавад”, - таъкид мешавад дар хабарҳо.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки пас аз рақамисозии асъори Тоҷикистон Fantom роҳандозии чунин корҳоро дар саросари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифтааст.

Fantom Foundation ICO аз худ чун “аввалин дар ҷаҳон платформа барои смарт-қарордодҳо дар заминаи DAG” мавқеъгирӣ мекунад.

Маълумоти муфассал дар бораи ин платформа дар сомонаи он қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.