Дар Тоҷикистон то 5 октябри соли равон 188 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Ҳиссаи асосии ҳосили ҷамъоваришуда ба хоҷагиҳои вилояти Хатлон рост меояд, ки дар онҳо зиёда аз 133 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Ҳосили ҷамъовардаи пахта дар вилояти Суғд, ки ин ҷо каме дертар ба ҷамъоварии ҳосил шурӯъ намуданд, ҳудуди 53 ҳазор тонна ва дар Ноҳияҳои тобеи марказ – 2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Соли 2021 дар Тоҷикистон аз майдони умумии 174 ҳазору 155 гектар ҷамъоварии зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст.

Имсол ба пахтачинон барои 1 килои пахтаи ҷамъоваришуда 1 сомонӣ пардохт мекунанд. Соли гузашта 50 дирам медоданд.

Худи фермерҳо ба ширкатҳои харидор пахтаро бо нархи 8-9 сомонӣ мефурӯшанд. Соли гузашта ин нарх ба 4-5 сомонӣ баробар буд.

Тибқи ҳисоби коршиносон, хароҷот ба истеҳсоли 1 кило пахта бо назардошти гароншавии хизмтарасонии техникӣ ва нуриҳои минералӣ на камтар аз 9 сомониро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.