Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хостори кӯмаки бештари молиявӣ барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати  рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки ин хоҳиш дирӯз, 5 октябр зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо  Завқизода Завқӣ бо директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Катаржина Зайдел ва Директори иҷроияи ХБА Пиотр Трабинский баён шудааст.

Гуфта мешавад, ин пешниҳод аз ҷониби намояндагони ин ду созмони байналмилалӣ хуш пазируфта шудааст.

Сурат аз сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Завқизода аз директорони иҷроияи Гурӯҳӣ Бонки Ҷаҳонӣ ва ХБА хоҳиш намуд, ки ҷиҳати афзоиш додани дастгирии молиявӣ барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, инчунин расонидани кумакҳои техникӣ дар самти тақвияти низоми моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ мусоидат намоянд, ки хуш пазируфта шуд, менависад сомонаи вазорат.

Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва тамоюлҳои ҷойдошта, тадбирҳои зиддибуҳронии андешидаи ҳукумати кишвар дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, инчунин масъалаи зиёд намудани ҳаҷми маблағгузории Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва ХБА ба соҳаҳои афзалиятноки кишвар табодули назар карданд.

Гуфта мешавад, ки директорони иҷроияи Гурӯҳӣ Бонки Ҷаҳонӣ ва ХБА дар сатҳи 8,7 фоиз рушд кардани ММД-ро натиҷабахш арзёбӣ намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.