Ёддошту созишномаҳо байни тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия ба имзо расиданд.

Дар доираи форуми иқтисодии “Имконоти тиҷоративу сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо” ва Ярмаркаи VII байнулмилалии савдои “Суғд-2021”, ки рӯзҳои 19-20 октябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зиёда аз 100 созишнома ва ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Анвар Яъқубӣ

Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки Ярмаркаи байнулмилалии савдои “Суғд-2021” ба доираҳои  тиҷоратии кишварҳо шароит фароҳам меоварад, ки миёни ҳам мубодилаи маълумот намуда, баҳри ҳамкориҳои мутақобилан судманд иқдомҳои наву самаровар роҳандозӣ намоянд.

“Ярмарка ҳамчунин майдонест барои муаррифии имконоти вилояти Суғд дар бахшҳои иқтисоду саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳиким робитаҳост”, - иброз дошт муовини раиси вилоят.

Дар кори Ярмаркаи VII байнулмилалии савдои “Суғд-2021”, зиёда аз 200 намояндагони тиҷорат аз вилоятҳои Бурятия, Липетск, Твер, Самара, Воронеж ва Томски Русия, вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона ва Намангони Ӯзбекистон, инчунин минтақаҳои Тоҷикистон иштирок карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.