Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 25 тона хурмо ҳадя кардааст. Ин миқдор хурмо аз сӯйи Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон дар як маросими хос ба ҷониби Тоҷикистон ҳадя шуд.
Маросими таҳдими хурмо, имрӯз 16-уми май дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Душанбе баргузор гардид. Дар ин маросим сафири Подшоҳии Саудӣ дар Тоҷикистон, Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон, намояндагони Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон ва муовини мудири Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон, Соҳибҷон Зиёдуллоев ва сардори Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ин ниҳод Абдукарим Раҳимов ширкаткарданд.
Подшоҳии Арабситони Саудӣ, ҳамасола ба Тоҷикистон миқдори зиёди хурморо ҳамчун ҳадяҳои подшоҳи ин кишвар Салмон бин Абдулазиз Оли Сауд таҳдим мекунад.
Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳои фаъоли ёрирасони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Аз ҷумла, чанде пеш ин кишвар эълон кард, ки дар доираи як созишномаи ҳамкорӣ барои 600 ятим дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳар моҳе 100 доллари амрикоӣ ёрии молӣ мерасонад. Ин кумакҳо низ аз сӯйи Маркази имдод ва ёриҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон расонида мешаванд.
Дар доираи ин тарҳ ба 600 ятим дар минтақаҳои Бохтару Кӯлоб ва ВМКБ дар давоми як сол ёрии молӣ расонида мешавад, ки ҳаҷми умумии ин ёриҳо $811,996 гуфта мешавад.
Ин тарҳро дар Тоҷикистон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон пиёда мекунад. Дар ин маврид дар қароргоҳи Сафорати Саудӣ дар Душанбе, байни ин ниҳод ва Маркази имдод ва ёриҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон Созишномаи ҳамкории муштарак ба имзо расид.
Сафири Подшоҳии Арабаистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон дар маросими имзои ин созишнома гуфта буд, ки лоиҳаи нав марҳилаи дувуми тарҳ буда, аз ин пештар ба 500 ятим ҳар моҳ 100 доллари амрикоӣ расонидани ёриҳоро оғоз кардаанд ва кунун бо илова шудани 600 ятими дигар, шумораи умумии гирандагони ин ёриҳо ба 1100 ятим расид.
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
“Иқдоми носанҷида”. Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, нархи тарофаҳоро дубора боло набаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста