Боғдорони ҷамоати наздимарзии Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, ранҷи чанд моҳи норасоии обро ҳамакнун дар моҳи май ва мавсими ҷамъоварии ҳосил эҳсос мекунанд. Мушкили обёрӣ ба майдони бутамевагиҳо, аз ҷумла қулфинай (клубника) асар кардааст, ки дар ниҳоят ҳосил кам, ҳаҷми меваҳо хурд ва бо хароҷотb нисбатан зиёде ба даст омадааст.

Имсол ба болои мушкилотӣ беобӣ, хароҷоти маблағи об, гаронии нархи дорувориҳо арзиши қулфинайро низ дар бозор боло бурдааст.

Заминҳои кишоварзии ин ҷамоати марзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров асосан тариқи канали “Хоҷабақирғон” обёрӣ мешавад ва сарчашмаи оби нӯшокаву полезии сокинону кишоварзон аз Қирғизистон аст. Моҳҳои апрел-март ба далели маҳдудиятҳои обдиҳии ҷониби кишвари ҳамсоя онҳо танқисии оби нӯшокаву полезӣ доштанд.

Деҳқонон мегӯянд, майдони буттамевагиҳо, ки ба об талаботи зиёдтар дорад чанд моҳи ахир дуруст обёрӣ нашудааст. Аммо онҳо мегӯянд, ҷуброни оби худҷориро дар ин мавсим бориши борон рӯйпӯш кард ва заминҳои қулфинайу малинаро аз хушкидан наҷот дод.

Равшан Ахмедҷонов, деҳқони сокини Овчӣ-Қалъача бо се узви хонаводааш ҳудуди 4 гетар замин дорад ва дар қисме аз он ҳамасола қулфинай ва тамашк (малина) мепарваранд. Ӯ мегӯяд, ранҷи танқисии обро то ҳанӯз мекашанд ва аз беобӣ ҳосили қулфинай ҳаҷман хурд пухта расид ва қисме низ хушкид. Ба гуфтаи ин деҳқон, боришоти моҳи март ва оғози моҳи май то ҷое майдони қулфинайро аз хушкшавӣ наҷот дод, вагарна аз ин даромади хонаводагӣ фоидае намегирифтанд.

“Имсол об нашуд, мо маҷбур шудем аз ҳавзҳои бошгоҳҳои саҳроӣ тариқи қубуру нассосҳо об кашида орем ва тавассути мошинҳои обкашон ни об биёрем. Як мошин обро бо нархи аз 250 то 400 сомонӣ харидем, вале бо ин усул замини қулфинай аз об сер нашуд. Солҳои пеш низ норасоии об буд, вале имсол хело ҷиддтар буд. Об мешуд боз нағз мешуд, ҳосили қулфинай калон-калон мешуд. То 15-ум май барои нӯшидан ҳам об камёб буд, ҳоло об омада истодааст, вале кам ва ба ҳама хоҷагиҳо басанда нест”.

Қулфинайпарварӣ, яке аз бахшҳои сердаромади сокинони кишоварз ва одии ин ҷамоати наздимарзӣ аст. Дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача ҳавлие нест, ки дар он қулфинай парвариш накунанд ва сокинони ин маҳал ба ин кор озмуда шудаанд ва мавсими пухтани меваи он асоси кори онҳост. Боду ҳаво ва муҳити ин минтақа барои парвариши буттамевагиҳо мусоид аст.

Хонаводаи Саида Ахмедҷонова муштаракан бо хешовандони дигар дар масоҳати 20 садяк замин қулфинай киштанд. Ин деҳқонзан мегӯяд, бо вуҷуди танқисии об, боришоти оғози фасли баҳор имкон дод, ки ҳосили хубтар ба даст оранд. Онҳо ҳамарӯза аз майдон ҳудуди 200 кило қулфинайи пухтарасидаро ҷамъоварӣ мекунанд ва онро ба бозорҳои шаҳри Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интиқол медиҳанд. Нархи як килои қулфинай дар сари замин 10 сомонӣ аст ва ба гуфтаи деҳқонон нархи ин буттамевагӣ мутобиқ ба талаботи бозор ҳамарӯза боло ё поин меравад.

Боғдорон мегӯянд, буттамевагиҳо ба танқисии об тобовар нестанд, вале аз обёрии зиёд низ ҳосили пухтарасидаи он зуд мепӯсад. Ду рӯзи охир бориши бошиддати борон мушоҳида шуд ва ба нақли Ахмедҷонова тахмин 50 дарсад ҳосили қулфинайи пухтарасидаи майдони онҳо талаф ёфтааст.

Дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд имсол қулфинай бисёру серхаридор аст. Нархи як килои он ҳоло аз 10 сомонӣ бештар аст ва ҳамарӯза ин нарх поёну боло меравад.

Сарвар Тӯраев, як деҳқони қулфинайпарвар низ мегӯяд, тахмин ду моҳ натавонист оби полезӣ пайдо кунад ва ғӯраи қулфинайи замини ӯ низ аз норасоии об инкишоф наёфт. Агар моҳҳои охир боришот намешуд ҳоло майдони ин буттамевагӣ хушк мешуд мегӯяд, ӯ. Ба гуфтаи ин деҳқон сабаби то ҷое гаронтар шудани нархи қулфинай дар бозор агар хароҷотҳои зиёди обёрии имсола бошад, сабаби дигар як баробар гарон шудани қимати доруҳои минералӣ мебошад.


Аз Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар ҳамаи бахши аҳолӣ ва хоҷагидории ин ноҳия 21 гектар майдони қулфинай ва 15 гектар тамашк мавҷуд аст. Ҳомид Ҳакимбоев, сардори ин раёсат гуфт, соли гузашта  75 тонна қулфинай ва 50 тонна тамашк ҷамъоварӣ карда буданд. Вай афзуд, аз танқисии об ягон гектар майдони буттамевагиҳо талаф наёфтааст ва мушкили обёриро оҳиста-оҳиста бартараф карда истодаанд.

Кишоварзон мегӯянд, моҳи март дар бозорҳо қулфинайи дар гармхонаҳо парвариш ёфта то 80 сомонӣ нарх дошт. Аммо баъди он, ки ин навъи маҳсулоти хоҷагидорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пухта расиду вориди бозор шуд нархи 1 килои он то 10 сомонӣ поин фаромад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.