Соҳибкорони ноҳияи Ашт  дар вилояти Суғд тасмим доранд, бо саҳми худ 94 километр роҳи “Хуҷанд-Ашт”-ро бо асфалти гарм таъмир кунанд. Гуфта мешавад қисме аз маблағ барои ин кор пайдо ва рӯзҳои наздик таъмир  оғоз мешавад. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати Ашт хабар медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи декабри соли 2021 дар паёми худ ба парлумон ваъда дода буд, ки дар панҷсолаи оянда ҳукумат сохтмону таҷдиди роҳи “Хуҷанд-Ашт”-ро оғоз мекунад. Аммо ҳоло соҳибкорон мегӯянд, то амалӣ шудани ин тарҳи ҳукумат, мехоҳанд барои рафту омади мардум роҳи бехатарро муҳайё кунанд.

Дирӯз, 25-уми май раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода дар мулоқот бо соҳибкорони ноҳия мавзуи таъмири ҷории роҳи “Хуҷанд-Ашт”-ро дар миён гузоштааст.

Ба гуфтаи манбаи мо, аз 100 соҳибкори дар маҷлис ҳозир беш, аз 70 тани онҳо 1 миллиону 661 ҳазор сомонӣ пешниҳод кардаанд.

Ҳаётҷони Одил, масъули матбуоти раиси ноҳияи Ашт ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар мулоқот худи раиси ноҳия ташаббус карда ба соҳибкорон пешниҳод карданд, ки муштаракан роҳи “Хуҷанд-Ашт”-ро таъмир кунем.

Ӯ гуфт, ҷамъоварии маблағ оғоз шуда ба ҷузъ соҳибкорони дохилӣ, соҳибкорони бурунмарзии зодагони Ашт низ омодагии худро барои пайвастан ба ин ташаббус баён кардаанд

“Ҷамъоварии маблағ ва рӯйхати соҳибкорон зери назорати ҳукумат аст, то кӯчактарин маблағе, ки соҳибкорон медиҳанд бо ному насаби онҳо дар сомонаи расмии ҳукумати Ашт ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад”,-гуфт ӯ.

Гуфта мешавад, ки дар баробари таъмир, дар канори ин роҳ 6 ҳоҷатхонаи муосир ҳам бунёд мешавад.

Роҳи “Хуҷанд-Ашт”, ягона роҳ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон аст, ки бо вуҷуди аҳамияти роҳи байналмиллалӣ доштан, солҳост вайронароҳе мемонад ва зиёд будани кандагиҳои роҳ ҳар лаҳза эҳтимоли садамаи мошинҳоро ба миён меорад.

Ҳоло мақомот мегӯяд, ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт соҳибкорон худашон даст ба кор шуданд.


Зайлобиддин Махсудҷонов, раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳияи Ашт мегӯяд, ҳамасола аз буҷҷаи мақомот даҳҳо ҳазор сомонӣ маблағ барои таъмирӣ ҷории роҳи “Хуҷанд-Ашт” сарф мешуд. Аммо ба далели ин ки он ҷо асфалти хунук истифода мешуд, натиҷае намедод. Ин бор талош дорем роҳро бо асфалти гарм таъмир кунем.

 “Имрӯз бо ягона ширкате, ки дар Хуҷанд асфалти гарм тайёр мекунад қарордод бастем. Тақрибан 2,5 млн сомонӣ масраф мешавад, аз Сомғор то сарҳади Ӯзбекистон пурра таъмир мекунем. Агар соҳибкорони бурунмарзӣ дастгирӣ кунанд, боқимондаи маблағро ҳам пайдо мекунем”, -гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта дар паёми солонааш ба парлумон гуфта буд, ҳукумат дар панҷ соли оянда, солҳои 2022-2026 сохтмону таҷдиди роҳи мошингарди “Хуҷанд-Ашт”-ро оғоз мекунад.

Қаблан аз Идораи роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ашт ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки онҳо соли 2017 ба Вазорати нақлиёт лоиҳаи таҷдиди роҳро ба маблағи 75 миллион доллари амрикоӣ пешниҳод карда буданд, ки бо сабабҳои номаълум амалӣ нашуд. Моҳи ноябри соли 2021 дафъаи дуюм ин тарҳро пешниҳод кардаанд, ки маблағи лоиҳавӣ ба 120 миллион доллар баробар шуд. Дар доираи ин лоиҳа, 122 километр, ки 96 километри он роҳи байналмилалӣ “Ғафуров-Қаҳрамон-Пунгон” ном дорад, маҳсуб меёбад ва то гузаргоҳи “Навбунёд-Поп”-и марзи миёни  Тоҷикистону Ӯзбекистон мерасад, бояд пурра бозсозӣ шавад.

Паҳлавон Назиров, сардори идораи роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ашт рӯзи 26-уми май дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, то ҳол аз тарҳи пешниҳодкардаи онҳо ба мақомот хабаре нест.


Роҳи “Хуҷанд-Ашт” соли 1961, дар замони Шӯравӣ сохта шуда, танҳо соли 1991 қисмати ин роҳ аз марзи Ӯзбекистон то баромадгоҳи ҷамоати Меҳробод бозсозӣ шуда буд. Мутахассисон мегӯянд, роҳи ноҳияи Ашт мебоист дар гузашта ҳар 12 сол як бор таъмири асосӣ мешуд. Вале ин мероси Шӯравӣ дар замони соҳибистиқлолӣ боре ҳам руйи таъмири асосиро надид ва ноҳияи Ашт дар шимолии Тоҷикистон ба яке аз ноҳияҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ заъиф мубадал шуд.

 Дар гузашта ин роҳ як ҷодаи аслии транзитии Ӯзбкистон маҳсуб меёфт ва тиҷорати шимолии Тоҷикистонро ба водии Фарғона ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна мепайваст.Коршиносон мегӯянд, дар сурати таҷдиду бозсозии роҳи “Хуҷанд-Ашт”, ки ҳукумат дар панҷ соли оянда ваъда кардааст тиҷорат дар ноҳияи Ашт рушд меёбад ва роҳе барои баромадан ба водии Фарғонаи Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар боз пайдо ва барқарор мегардад. Аммо ҳоло соҳибкорон аз имсол мехоҳанд ин равандро тезонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.