Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ кишварҳои ҷаҳонро вобаста ба таносуби бештари вуруди пули шахсони воқеӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2021 муайян карданд.

Дар сгонаи пешсафон дар баробари Лубнон (54%) ва Тонга (44%) Тоҷикистон ҳам (34,5%) қарор дорад, гуфта мешавад дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ оид ба муҳоҷират - “Муҳоҷират ва рушд”.

Дар паҳнои пасошӯравӣ баъди Тоҷикистон аз лиҳози аҳаммияти интиқоли пул барои иқтисод Қирғизистон қарор дорад, ки ҳаҷми вуруди чунин маблағҳо дар соли гузашта қариб ба 33% нисбат ММД баробар шудааст.

Дар идома Молдова (15,2%) Гурҷистон (14,1%), Ӯзбекистон (13,3%) ва Арманистон (11,6%) ҷойгир шудаанд.


Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон дар соли 2021 ҳудуди 3 млрд долларро ташкил дод.

Ҷолиб аст, ки ҳиссаи интиқоли пул аз Русия тайи солҳои ахир ба таври назаррас коҳиш ёфта, дар соли 2021 ҳамагӣ 58%-ро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки то нимаи солҳои баъди 2010-ум ҳиссаи вуруди пул аз Русия дар ҳаҷми умумии чунин интиқолҳо беш аз 90%-ро ташкил медод.

Муаллифони гузориш таваҷҷуҳро ба он ҷалб мекунанд, ки интиқоли пул ба Тоҷикистон дар соли 2021 аз ҳаҷми содироти молу маҳсулот ва хидматгузории ҷумҳурӣ беш аз ду баробар зиёдтар буд.

То 24 феврал - замон оғози даргириҳои мусаллаҳона байни Русия ва Украина иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ афзоиши интиқоли маблағро ба Тоҷикистон дар соли 2022 дар сатҳи 2% пешгӯӣ карда буданд.

Аммо бо назардошти вазъият дар Украина, пешгӯии онҳо ба таври қобили мулоҳиза тағйир ёфта, мувофиқи он ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба миқдори 22% нисбат ба соли пешин коҳиш меёбад. Сабаби чунин ҳолат ба камшавии фаъолмандии иқтисодӣ дар Русия ва поинравии қурби доллар нисбати рубл маънидод мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.