Бо 5 миллион доллар сармояи Тошканд дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд корхонаи муштараки пиллакашии “Самарқанд-Суғд-Силк” бунёд мешавад. Дар ин бора миёни корхонаҳои хусусии “Атласи Хуҷанд”-и Тоҷикистон ва “Кумуш Тола”-и Самарқанди Ӯзбекистон санаде ба имзо расида, масъулин мегӯянд, ҷонибҳо ҳамаи асноди заруриро омода кардаанд. Масъулин умед доранд дар сурати бунёди корхонаи муштарак қимати матои атлас дар Тоҷикистон поён меравад.

Директори корхонаи хусусии “Атласи Хуҷанд” Азимҷон Ғафуров дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, тибқи як санади аз қабл миёни роҳбарони вилоятҳои Суғду Тошканд ба имзо расида Ӯзбекистон барои бунёди чанд корхонаи муштаракаи саноатӣ дар шимолии Тоҷикистон 50 миллион доллар маблағ ҷудо мекунад. Аз ин 5 миллион доллар барои бунёди корхонаи нави муштараки пиллакашии “Самарқанд-Суғд-Силк” ҷудо хоҳад шуд, ки он дар ҳудуди корхонаи “Атласи Хуҷанд” ва дар шарикӣ бо корхонаи абрешимкашии “Кумуш Тола”-и вилояти Самарқанд сохта мешавад.

Сурат: хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

“Мо ҳафтаи гузашта ҳамаи асноди зарурии “Атласи Хуҷанд” ва “Кумуш Тола”-ро дар мақомоти андози шаҳри Хуҷанд дар қайд гузоштем, мӯҳру ҳуҷҷат омода шуд ва дар бонк суратҳисоби худро кушодем. Ӯзбекистон ин миқдор маблағро барои бунёди корхонаҳои муштарак то 3 фоизи солона медиҳад ва дар мавриди баргардонидан тарафҳо 50 ба 50 масъулем ва ҳоло барои оғози корҳои сохтмонӣ сармояро мунтазирем. Корхонаи муштараки “Самарқанд-Суғд-Силк” аз пилла абрешим мекашад, ки то имрӯз дарёфти ашёи хоми он ба мо мушкил буд”, - иброз дошт ӯ.

Дар корхонаи “Атласи Хуҷанд” ҳоло ҳудуди 50 кас, ки асосан атласу адрас мебофанд, бо ҷойи корӣ таъминанд ва дар назар аст баъди бунёди корхонаи муштарак шумори кормандонаш ба беш аз 100 нафар расанд, ки қисме аз онҳо дар корхонаи нав бо пиллакашӣ машғул мешаванд. Ҳукумати вилояти Суғд низ тасмим дорад дар ояндаи наздик барои парвариши пилла ва гирифтани абрешим, ки ашёи хоми матои атлас маҳсуб меёбад, ба корхонаи муштараки “Самарқанд-Суғд-Силк” 500 ҳазор гектар замин барои шинонидану парвариши тут ҷудо кунад. Азимҷон Ғафуров мегӯяд, “вақте мо тут шинонидаву аз он барг мегирем, бахши кирмакпарварии худро низ ба роҳ мемонем”.

“Мо ба онҳо фаҳмонидем, ҳаҷми маҳсулоти мо хело кам аст, ки сабаби асосии он ашёи хоми абрешим аст, ки дар мо умуман нест. Вақте ашёи хом дар худи корхона истеҳсол мешавад, мо арзиши атласро ҳам поён мефурорем”, -гуфт, директори корхонаи “Атласи Хуҷанд”

“Атласи Хуҷанд” ягона корхонаи азими истеҳсоли матои атласу адрас дар шимолии Тоҷикистон аст, ки дар панҷ моҳи имсол ҳудуди 20 ҳазор метр атласу адрас истеҳсол кардааст. Дар ин корхона 70 дарсади корҳои атласу адрасбофӣ дастӣ ва 30 дарсад механикӣ иҷро мешавад, ки ба гуфтаи масъулин, хело кори сангину фурсатталаб аст, вале бо вуҷуди ҳама мушкилиҳо, имсол 12 намуди атласи нав бофтаанд, ки бо гулу ранг аз ҳам фарқ мекунад. Барои бофтани адрас ашёи хоми пахта дар ҳудуди вилоят мавҷуд аст, вале бинобар гарону камёб будани абрешим, ба гуфтаи роҳбари корхонаи “Атласи Хуҷанд”, ин навъ ашёро аз Ӯзбекистон ворид мекунанд.

Сурат: хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Корхонаи “Атласи Хуҷанд” соли 1931 таъсис ёфта, дар замони Шӯравӣ ашёи хоми абрешимро аз корхонаи замоне маъруфи “Шёлкомбинат” пайдо мекард. Ин корхонаҳо он солҳо зери назари Маскав буд ва бидуни гуфтушунид солона аз кишварҳои Ӯзбекистон, Гурҷистон, Туркманистон, Озарбойҷон ҳудуди 120 тонна абрешим мегирифт ва беш аз 2 миллион метр матои атлас истеҳсол мекард. Шӯҳрати “Атласи Хуҷанд”, дар бозорҳои 15 кишварҳои узви иттиҳод маълуму машҳур буд. Пас аз барҳамхӯрии ҳукумати Шӯравӣ корхонаи “Атласи Хуҷанд” ва чанд корхонаи тобеи “Шёлкомбинат” бинобар душвории дарёфти абрешим, якбора аз кор монданд ва содироти матоъ низ қатъ гардид.

Соли 2005 “Атласи Хуҷанд” хусусӣ шуд, вале ба далели мушкили дарёфти абрешим, то соли 2016 кори муназзам надошт. Моликони корхона мегӯянд, пас аз барҳамхӯрии Шӯравӣ дар ҳудуди корхонаи собиқ “Шёлкомбинат” корхонаи муштараки пиллакашии Тоҷикистону Ветнам бо номи “ВТ Силк” таъсис ёфт ва бозори истеҳсоли пиллаву абрешимро ба даст гирифт.

Сурат: хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Азимҷон Ғафуров мегӯяд, ин корхона як тонна абрешимро бо нархи ҷаҳонии 50 ҳазор доллар ба корхонаҳои атласбофӣ мефурӯшад, ки иқтидори харидории онро надоранд ва чанд соли ахир маҷбур абрешимро бо миқдори кам ва нисбатан арзонтар аз Ӯзбекистон ворид мекунанд.

“Ашёи хом, ки дар корхонаи худамон омода мешавад, мо онро аз корхонаи “ВТ Силк”, ки як килои онро 50 доллар бо нархи ҷаҳонӣ мефурӯшад, намехарем. Ин боиси арзонтар шудани нархи “Атласи Хуҷанд” мегардад. Инчунин ҳаҷми истеҳсоли матоъ ва навъи он зиёд мегардад. Дар оянда ин корхона барои зиёд шудани корхонаҳои атласбофӣ замина мегузорад. Вақте ин корхона ташкил мешавад, баъд касе муроҷиат кард, абрешим мефурӯшем, албатта ба мисли корхонаи муштараки “ВТ Силк”-и Ветнам нархи ҷаҳониро намегӯем ва корхонаҳои маҳаллиро дастгирӣ мекунем. Аз ҳисобе, ки ашёи хом набуд, ҳеҷ кас корхона намекушод”, - илова намуд Азимҷон Ғафуров

Моликони “Атласи Хуҷанд” мегӯянд, ҳоло нархи як метр атласи комилан бо абрешим бофташуда дар ин корхона то 300 сомонӣ ва агар омезиш бо пахта бофта шуда бошад каме арзонтар мебошад. Адрас, ки пурра аз пахта бофта мешавад, назар ба нархи атлас бамаротиб арзон буда як метри ин навъ матоъ аз 25 то 60 сомонӣ дар фурӯш аст. Коршиносони соҳа мегӯянд, азбаски нархи атласи истеҳсоли Тоҷикистон дар бозори дохилӣ гаронтар аст, чанд соли ахир ҷойи онро атласи нисбатан арзонтари воридотӣ аз Ӯзбекистон гирифтааст. Моликони корхонаҳо инро инкор намекунанд ва мегӯянд, ашъёи хомро бо нархи гарон мехаранд, ки дар ниҳоят ба қимати матоъи истеҳсолшуда таъсир расонидааст. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.