Дар доираи баргузории ярмаркаи VIII-уми байналмиллалии савдо “Суғд-2022” миёни соҳибкорону тоҷирони тоҷик, ҳукумати Суғд ва ҳамтоёнашон аз хориҷи кишвар ҳудуди 60 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Маблағи созишнома маълум нест, вале доираҳои тиҷоратии хориҷа ҳавасмандии худро барои харидории маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳии бо минтақаи шимолии Тоҷикистон баён кардаанд. Кӣ ба чӣ мароқ зоҳир кард?

Соҳибкорони Ӯзбекистон аз ҳамкорӣ бо Суғд чӣ мехоҳанд?

Аз ҳудуди 60 созишномаи нави ҳамкорие, ки миёни ҳукумати Суғду соҳибкорону тоҷирони ин вилоят бо ҳамтоёнашон аз Русия, Чин, Туркия, Эрон, Белорус, Қазоқистон, Арабистони Саудӣ ба имзо расид беш аз 20 созишнома бо Ӯзбекистон баста шуд. Аз ҷумла миёни шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғд ва Ҷиззах 11 созишномаҳо ва ёддоштҳо ва миёни ширкатҳои Суғду Ӯзбекистон 10 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Як протоколи дигар байни ҳукуматҳои вилояти Суғд ва Ҷиззах оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ барои солҳои 2022-2023 имзо гардид.

Сурат: Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Ғайрат Қобилзода, муовини сардори Палати савдо ва саноати Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “созишномаву шартномаҳои ба имзо расида миёни Суғду Ӯзбекистон асосан, барои дастгирии соҳибкорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, содироти маҳсулоти саноатӣ махсусан семент ба Ӯзбекистон ва воридоти технология барои корхонаҳои истеҳсолии Суғд буд”.  

Суғд солона ҳазорҳо тонна семент ва профилҳои металӣ истеҳсол ва ба хориҷ аз кишвар содир мекунад, ки яке аз харидорони аслии ин навъ маҳсулот Ӯзбекистон аст. Дар чаҳор моҳи имсол 239,628 тонна семан содирот шудааст, ки асосан ба Ӯзбекистон рост меояд. Доираҳои тиҷоратии ин кишвар нақша доранд чанд корхонаҳои саноатии муштарак дар вилояти Суғд бунёд, кунанд, ки асосан корхонаҳои истеҳсоли пахта ва абрешим мебошанд.

Сурат: Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Русия дар ҷусутӯйи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон

Русия шарики стратегӣ ва яке аз кишвари таъсиррасон ба бозори Тоҷикистон имсол асосан ба бештар намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Суғд мароқ зоҳир кардааст. Дар ярмаркаи байналмиллалии савдо “Суғд-2022” миёни ҳукуматҳо, соҳибкорону тоҷирони вилояти Липетски Русия ва ҳамтоёнашон аз вилояти Суғд 12 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ғайрат Қобилзода мегӯяд, ин созишномаҳои ҳосилшуда ҷалби сайёҳон ба вилояти Суғд, содироти маҳсулот консерва, хушкмеваҳо, полезӣ ба минтақаҳои Русия, ташкили корхонаи муштарак дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғдро дар бар мегирад. 

Сурат: Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Имсол содироти меваи зардолу, гелос, пиёз назар ба солҳои пешин аз Суғд ба қаламрави Русия 50 дарсад афзудааст. Муовини сардори Палатаи савдо ва саноати Суғд афзуд, қисми зиёди ширкатҳои вилоят, ки қаблан бо Украина шартномаи ҳамкорӣ доштанд имсол рӯ ба Русия оварданд ва содироти молу маҳсулоташонро ба ин ҷо кӯчонданд.

“Имсол мо дида истодаем, ки талаботи Русия ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон то панҷ маротиба зиёд шуд. Аз вилояти Суғд наздик 25 ҳазор тонна зардолу, тахмин 30 ҳазор тонна пиёз ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуда истодааст. Имсол хело шартномаҳо аз Русия зиёд аст ва асосан онҳо ба харидории молу маҳсулоти кишоварзӣ мароқ зоҳир кардаанд. Ҳоло худи соҳибкорони рус омада аз ноҳияи Ашт, шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан маҳсулоти деҳқонро аз сари замин бо нархи нисбатан гаронтар харидорӣ карда истодаанд. Ин раванд ба деҳқонон манфиатовар аст”.-гуфт, Ғайрат Қобилзода.

Сурат: Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Мақомоти Суғд мегӯяд,  бо минтақаҳои Русия дар ҳаҷми 260 млн доллар додугирифт доштанд, ки назар ба нишондиҳандаи як соли пеш имсол 100 млн доллар зиёд шудааст.

Мебелҳои Хуҷанд ба ширкатҳои Белорус писанд омад?

Дар доираи ярмарка миёни ширкатҳо ва ҳукумати вилоятҳои Суғд ва Могилёви Беларус 10 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла як санади ҷудогона низ ҳосил шуд, ки дар доираи он ҷонибҳо дар Минтақаҳои озоди иқтисодии якдигар корхонаҳои муштарак месозанд. Созишномаҳои дигар асосан барои содироти мебел аз ширкати “Арчамебел”-и Хуҷанд ба Могилёв, маҳсулоти текстилӣ, воридоти техникаҳои соҳаи тандурустӣ аз Белорус ба Суғд ва додугирифти маводҳои бандубастро дар бар мегирад.

Сурат: Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Эрон роҳи фазоӣ, Арабистони Саудӣ асали Суғдро интихоб карданд. Туркия чӣ?

Миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳукумати Суғд як шарномае имзо шуд, ки оиди ҳамлу нақли молу коло аз Суғд ба Эрон ва баръакс аз ин кишвар ба шимолии Тоҷикистон ва роҳандозӣ кардани хатсайри нави ҳавоиро дар бар мегирад. Дар ин бора созишнома миёни ширкати нақлиётии эронии “Дониш Тоҷ” ва ширкати нақлиётии “Аббат”-и Тоҷикистон ҳосил шуд.

1/11

Ғайрат Қобилзода, муовини сардори Палатаи савдо ва саноати Суғд мегӯяд, миёни ширкати “Агромия”-и Туркия ва Идораи кишоварзии вилояти Суғд ва Минтақаи озоди иқтисодии Суғд ду шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар доираи шартномаи ҳосилшуда Туркия ба соҳаи кишоварзии Суғд нуриҳои меиералӣ ворид мекунад, то ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ боло бурда шавад. Гуфта мешавад Туркия ҳамзамон барои харидории маҳсулоти текстил, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва асали истеҳсолшуда дар шимолии Тоҷикистон тавваҷҷӯҳ дорад.

Арабистони Саудӣ, ки чанд намояндаи ин кишвар дар ярмаркаи байналмиллалии савдо “Суғд-2022” иштирок карданд, асосан ба асали табиии дар Суғд истеҳсолшуда мароқ зоҳир кардаанд. Масъулини Палатаи савдо ва саноати Суғд мегӯянд, рӯзҳои наздик Арабистони Саудӣ барои харидории асал аз Тоҷикистон созишномаеро ба имзо мерасонад ва алакай омодагии худро изҳор доштааст.

Сурат: Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Дар ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022», ки рӯзҳои 17-18-уми июн дар шаҳри Хуҷанд доир шуд беш аз 400 нафар аз хориҷи кишвар иштирок карданд. Ба фарқ аз солҳои пешин барои иштирок дар ярмарка доираҳои зиёди соҳибкорону тоҷирон аз ҳудуди даҳ кишвари хориҷа ба вилояти Суғд омадаанд, ки бештарашон аз вилоятҳои Ӯзбекистон буданд. Ҳайати меҳмонон ба ҷузъ иштирок дар ярмарка ба шаҳру навоҳии Суғд сафар карда аз корхонаҳои саноатӣ, соҳаҳои кишоварзӣ ва сайёҳӣ аз наздик шинос шуданд ва зарфияту имкониятҳои онҳоро барои идомаи ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак омӯхтанд. Дар назар аст, дар ҳошияи созишномаҳои ҳосилшуда ҷонибҳо ба амалисозии тарҳҳои муштарак ва рушди ҳамкории иқтисодӣ фаъолиятро идома медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.