Савдои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Афғонистон дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ҳудуди 36,3 млн долларро ташкил дод, ки қариб 30% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Тавре ки Агении омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳудуди 97% аз ҳаҷми умумии савдои дуҷонибаи кишварҳоро дар зарфи 5 моҳи соли равон содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон ташкил додааст.

Маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон неруи барқ боқӣ мемонад, ки қариб ба нисфи гардиши моли байни кишварҳо баробар аст. Ҳамчунин аз Тоҷикистон ба ҳамсоякишвар семент ва баъзе навъҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ интиқол дода мешаванд.

Байни кишварҳое, ки Тоҷикистон ба онҳо молу маҳсулот содир мекунад, Афғонистон дар зинаи ҳаштум қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки толибон моҳи августи соли 2021 Кобулро тасарруф намуда, дар фурсати кӯтоҳ қариб ҳамаи вилоятҳоро ба худ тобеъ карданд. Айни замон ҳукумати Толибон аз ҷониби ҳеҷ кадоме аз кишварҳои узви СММ эътироф нашудааст.

Давоми моҳҳои январ-майи соли равон муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 2,7 млрд долларро ташкил дод, ки 4,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Тавозуни савдо манфӣ мебошад: содирот нисбат ба воридот зиёда аз 1 млрд доллар камтар аст.

Дар ин давра Тоҷикистон бо 99 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия боқӣ монда, савдои дуҷониба байни кишварҳо зиёда аз 610 млн долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин ҳаҷми савдои дуҷонибаи нисбатан зиёдтар бо Қазоқистон ($545 млн), Чин ($550 млн), Ӯзбекистон ($212 млн) ва Туркия ($150 млн) ба қайд гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.