Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ВМКБ шинос шуд.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шуғнони ВМКБ Шералӣ Кабир ҳамроҳи раиси вилоят Алишер Мирзонабот бо фаъолияти коргоҳи коркарди тути «Тути Помир» дар ҷамоати деҳоти Сучон аз наздик ошно гардид.
Дар рафти шиносоӣ бо фаъолияти истеҳсолии коргоҳи саноатии хурд вазир ба шахсони масъул дар мавриди афзоиши ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ ва содироти маҳсулоти коргоҳ ба хориҷи кишвар тавсияҳои муфид дод.
Шералӣ Кабир ҳамчунин аз Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон боздид намуда, аз масъулини муассиса даъват намуд, ки барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори муосири корӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Ба коргоҳи дӯзандагии таъсисёфта дар заминаи литсей Шералӣ Кабир ва Алишер Мирзонабот доир ба роҳандозии дӯхти сарулибоси мактабӣ барои муассисаҳои таълимии вилоят дастурҳои мушаххас доданд.
Ғайр аз ин, вазири саноат ва раиси ВМКБ бо фаъолият корхонаи коркарди пашм дар ноҳияи Роштқалъа шинос шуданд.
Мувофиқи барномаи саноатикунонӣ, дар вилоят сохтмони якчанд корхонаи хурд, ки ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ асос ёфтааст, ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки чанде пеш ҶДММ “Тути Помир” маҳсулоти худро дар намоишгоҳи байнулмилалии “Тоҷикистон-2022” муаррифӣ кард.
Раиси ширкат Тоҷиддин Саидюнов зикр кард, ки корхонаи онҳо маҳсулоти хешро айни ҳол ба Русия ва бархе аз кишварҳори хориҷӣ содирот менамояд.
“Маҳсулоти мо, пеш аз ҳама, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифат мебошад. Дар намоишгоҳ мо имрӯз 10 намуди маҳсулоти худро пешкаши иштирокчиён намудем, ки ҳамаи он бо технологияи муосиру ҳозиразамон омода карда мешаванд. Маҳсулоти мо аз меваи тут, зардолу, анҷир, имбир, кунҷит ва дигар намуди мевагиҳо омода мегарданд. Дар хориҷа ба маҳсулоти мо таваҷҷуҳи хеле зиёд доранд, ки аллакай пешниҳодҳои содиротӣ ба ҷониби мо шуда истодаанд. Мо дар оянда кӯшиш дорем, то иқтидори истеҳсолии корхонаи худро боз ҳам калонтар намуда, шумораи бештари кормандонро бо ҷойи кору маоши хуб тамин созем”, - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ “Ховар”.
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста