Ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар як конфронс дар Туркманистон бо ҳузури намояндагони кишварҳое, ки ба баҳр роҳи баромад надоранд, иштирок мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар ин чорабинӣ намояндагони 32 кишвари дар ҳоли рушд қарордошта бо 30 созмони байнулмилалӣ ширкат меварзанд. Конфронс имрӯзу пагоҳ дар шаҳри Аваз доир мегардад.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Азим Иброҳим дар сессияи чоруми Конфронс: “Тезонидани рақамикунонӣ барои беҳтарсозӣ транзит ва соддагардонии раванди тиҷорат, ҳамзамон барқаррорсозии устувор пас аз давраи пандемияи COVID-19” маърӯза мекунад.

Гуфта мешавад, дар Конфронс масъалаҳои рушди долонҳои нақлиётии минтақавӣ, ҳамгироии системаи инфрасохтори  ҳамлу нақли мултимодалӣ, рақамикунонии раванди ҳамлу нақл, рушди нақлиёти барқӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор хоҳанд гирифт.

Тоҷикистон яке аз 32 кишварҳои иштирокчии ин конфронс мебошад, ки роҳи баромад ба баҳр надорад.

Аз ин рӯ, кӯшиш мекунад, ки бо бандарҳои Эрон дар ҷанубу шимол пайваст шавад, то ки долонҳои нақлиёти бунёд намуда, ба рушди тиҷорат мусоидат намояд.

Қаблан 5 август Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар нақша дорад, ки яке аз кишварҳои транзитии минтақаи Осиёи Марказӣ шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.