Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар вилояти Суғд боронҳои давомдори пуршиддат дар таърихи 21-уми июл боиси омадани сел гаштанд.

Корманди масъули Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиа граждании вилоят Музаффар Усмонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров деҳаҳои Қипчоқ ва Шоҳқадам осеб дидаанд.

Ба гуфтаи ӯ, бар асари омадани сел як манзили зист, 2 км қубурҳои оби нӯшокӣ ва 5 км роҳ зарар дида, 100 сар чорвои майда ва 5 сар чорвои калон талаф ёфтаанд.   

«Ҳамчунин якчанд гектар заминҳои обӣ ва садди муҳофизатӣ дар хоҷагии Файзуллоев низ хисорот бардоштаанд, - афзуд М.Усмонов. - Айни замон ҷиҳати бартараф сохтани хисорот тамоми чораҳо андешида мешаванд».