Дар ағбаи Кӯҳтезак, дар баландии 4 ҳазору 200 метр беш аз 50 автомашина дармондаанд. Боз наздики 20 автомашинаи дигар дар қисмати болои ағба қарор доранд. Ин навори видео рӯзи 15 апрел сабт шуда, танҳо ҳамин рӯз то ба идораи «Азия-Плюс» расид.

Қисмати шарқии Помир то ҳол дар асорати барф аст. Сарфи назар аз талошҳои хадамоти истифодаи роҳҳои водии Ғунди ноҳияи Шуғнон, ҳаракат дар қитъаи роҳи аз деҳаи Морҷ то Аличури ноҳияи Мурғоби роҳи Душанбе - Хоруғ - Мурғоб (километри 715-ум) тариқи ағбаи Қӯҳтезак хеле хатарнок боқӣ мемонад.

Масофаи роҳи ағбаи Кӯҳтезак 11 километрро ташкил дода, айни замон ин ҷо даҳҳо автомашинаҳо, аксаран автомашинаҳои бузургҳаҷми боркаш аз ҳаракат бозмондаанд, ки аз Чин бор мекашанд. Дар ин ҷо онҳо муддати щабонарӯзҳо таваққуф мекунанд.

«Хадамоти истифодаи роҳ аз уҳдаи тозакунии роҳ аз барф намебароянд, - мегӯянд ронандагони автомашинаҳои дармонда. - Танҳо як булдозер фиристодаанд ва замоне, ки он як қисмати роҳро тоза мекунад, аллакай қисмати дигари роҳ барфпӯш мешавад».

Онҳо зикр карданд, ки хӯрокашон тамом шуда, сӯзишворӣ ҳам начандон зиёд боқӣ мондааст.

Дар ин қисмати роҳ ду истгоҳи кормандони хадамоти истифодабарии роҳ воқеъ буда, обуҳаво то дараҷае сард аст, ки ронандагону мусофирони дар роҳ дармонда худашон роҳ то ин истгоҳҳоро тоза мекунанд, то ки барои шабро рӯз кардан ҷойи мусоид ёбанд.