Дар шаҳри Норак як ҷавонзани 28-сола аз болои купрӯк худро ба дарёи Вахш партофт. Ӯ ҳомиладор буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, ҳодиса рӯзона дар шоҳидии одамон рух дода, Арафа Худойназарова сокини деҳаи Лангари шаҳри Норак аст.

«Ҷустуҷӯи ҷасади ҷавонзан идома дорад, - гуфтанд дар КҲФ. - Ин ҷо маҷрои об хеле тезу сатҳи об хеле баланд буда, аз ин рӯ, ҷустуҷӯ мушкил аст».

Дар идораи кор бо занони шаҳри Норак ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Арафа Худойназарова оиладор буд, вале ҳанӯз фарзанд надошта, сабабҳои ҳодиса то ба ҳол маълум нест.

Соли 2016 дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ё суиқасд ба он ба қайд гирифта шуд, ки 158 нафар мардон, 168 нафар занон ва 55 нафар ноболиғон ба ин амал даст зада буданд. Дар соли 2015 - 624 ҳолат ва соли 2014 - 550 ба ин монанд ҳолатҳо сабт гардида буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.