Собиқ муовини вазири хоҷагии оби Тоҷикистон Камолиддин Нуралиев, падари муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, ки ҳамсари духтари президент Озода аст, имрӯз бар асари садамаи нақлиёт ҳалок шуд. Садамаи нақлиёт дар наздикии шаҳри Норак рух додааст.

Дар бораи ҳалокати қудои президент рӯзноманигор Назири Нусрат дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод.

Бо такя ба маълумоти наздикони марҳум, Назири Нусрат иттилоъ дод, ки ҷасади Камолиддин Нуралиеви 70-сола пагоҳ дар ноҳияи Данғара ба хок супурда мешавад.

Камолиддин Нуралиев соли 2006 муовини аввали вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби ҶТ таъин шуда, соли 2009 бо фармони прзидент ба нафақа фиристода шуд.

Дар маҷлиси муштараки солонаи Академияи байнулмилалии муҳандисӣ ва Академияи муҳандисии Русия, ки 15 майи соли 2015 дар шаҳри Маскав доир гардид, ду намояндаи Тоҷикистон - муовини нахуствазири кишвар Азим Иброҳим ва собиқ муовини вазири хоҷагии об Камолиддин Нуралиев академик интихоб шуданд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба пайвандону наздикони марҳум  ҳамдардӣ изҳор намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд.