Корманди шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Наврӯз Туманови 35-сола ва ҳамсару ду кӯдаки ӯ бар асари садамаи нақлиёт ҳалок шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ШБДА РВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзо Саидов хабар дод, ин садамаи нақлиёти фоҷеабор дар роҳи мошингарди Душанбе - Қӯрғонтеппа, дар ағбаи Фахробод рух додааст.

«Автомашинаи таҳти идораи Наврӯз Туманов ба мошини боркаш бархӯрда, дар натиҷа худаш, ҳамсар ва ду кӯдакаш ба ҳалокат расидаанд, - иттилоъ дод Саидов. - Боз ду кӯдаки дигар ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил шуданд».

Зимнан зикр гардид, ки айни замон тамоми ҳолатҳои ба вуқӯъ пайвастани ин садамаи нақлиёти марговар мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.