Субҳи имрӯз дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон заминларза рух дод, ки дар маркази он қуввааш 5 баллро ташкил дод.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, соати 07:05 дақиқа ба вақти маҳаллии рӯзи 12 декабр дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуда, маркази он 115 километрии ҷанубу шарқи Душанбе - 6 километр дуртар аз шаҳри Кӯлоб муайян шудааст.

«Қувваи заминларза дар марказаш - 5 балл ва шаҳри Кӯлоб - 4 баллро ташкил дода, дар Душанбе заминларза қариб эҳсос нашуд», - гуфтанд дар Хадамот.

Бино ба маълумоти Маркази аврупоии зилзилашиносӣ, маркази заминларза дар чуқурии 47 километр дар қаламрави Тоҷикистон, 12 километр дуртар дар ҷануби шаҳри Кӯлоб воқеъ буда, қувваи он дар марказаш 4,5 баллро ташкил додааст.