Шаби 13 декабр дар як қаҳвахона дар хиёбони Севастополский дар шаҳри Маскав байни зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон боз як занозании гурӯҳӣ рух дода, ду нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», пулис гуфтааст, дар пайи ин занозанӣ дар заминаи маишӣ 12 муҳоҷири тоҷику ӯзбек дастгир шудаанд.

Бо истинод ба Маркази матбуоти раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав хабар дода мешавад, ки намояндаи пулис гуфтааст:

«Шаби 13 декабр, соати 01:43 ба пулис дар бораи занозанӣ дар хиёбони Севастополский хабар расид. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, маълум карданд, ки ин муноқиша дар заминаи маишӣ сурат гирифтааст. Барои баррасии амиқтари қазия 12 нафарро ба шӯъбаи пулис оварданд».

Гуфта мешавад, ҳамаи 12 нафари боздоштшуда зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон будаанд.  Дар натиҷаи ин занозанӣ ду нафар бо ҷароҳатҳои сабуки сару рӯ ба бемористон бурда шуда, вале ҳардуро баъди расондани ёрии тиббӣ ҷавоб додаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки танҳо дар якуним моҳи охир ин аллакай сеюмин занозании гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар шаҳри Маскав аст.