Сокини Панҷакент аз ҳиссиёти рашк ҳамсарашро барои ба каси дигар ба шавҳар баромадан замони дар муҳоҷират қарор доштанаш куштанӣ шуд.

Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ марди 41-солаи сокини деҳаи Қуштеппаи шаҳри Панҷакентро ҳамчун гумонбар дар суйиқасд ба куштор дастгир намудаанд.

«Номбурда аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Федератсияи Россия баргашта, хабардор шудааст, ки ҳамсараш, зани 32-сола ба сокини ҷамоати деҳоти Х.Ҳасани шаҳри мазкур ба шавҳар баромадааст», - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, охири моҳи ноябр ӯ аз ҳиссиёти рашк бо мақсади ба қатл расонидани собиқ ҳамсараш бо корд якчанд маротиба ба аъзои бадани зан мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.