Дар шаҳри Маскав автобуси мусофирбар аз роҳ баромада, анбӯҳи пиёдагардонеро пахш кард, ки дар даромадгоҳи гузаргоҳи зеризаминӣ қарор доштанд. Дар натиҷа чаҳор одам ба ҳалокат расида, 11 тани дигар осеб дидаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин ҳодиса дар хиёбони Кутузовский, дар наздикии истгоҳи метрои "Славянский булвар" рух дод. Ронандаи автобус, ки боздошт шуд, ҳангоми бозпурсӣ гуфт, рӯзи душанбе бори нахуст пушти фармони ин нақлиёти ҷамъиятӣ нишаста будааст.

"Вақте тормози дастиро поин овардам, автобус ба ҳаракат даромад. Тамоми талошамро кардам, то бозистад, вале наистод. Низоми ҳаракати автобус худкор аст ва бинобар ин, чизе карда натавонистам", - иқтибос овардааст сомонаи Life аз суханони ронанда.

Пулис ду фарзияи ҳодиса - набаромадан аз уҳдаи идораи нақлиёт ва мушкили техникӣ доштани автобусро таҳқиқ дорад. Масъулони ширкати давлатии "Мострансавто" мегӯянд, автобус соли 2017 мавриди истифода қарор гирифта, пеш аз ҳаракат дар масир тармим шуда буд. Ба гуфтаи онҳо, ронанда таҷрибаи 30-солаи корӣ дошта, аз соли 2000 ба ин сӯ дар ширкат кор мекунад.

Дар шаҳри Москва баъди ҳодисаи маргбори мазкур санҷиши тамоми автобусҳои мусофирбар шуруъ шудааст.