Шоми рӯзи 26 декабр шамоли сахт ва барфи тар ба садамаҳо дар якчанд зеристгоҳҳои барқии чанде аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд боис гардида, бар асари он қисмате аз аҳолӣ бебарқ монд.

«Дар натиҷаи шамоли сахти пуршиддат 40 симчӯби барқӣ ва 60 дарахт ба замин кӯчида, боми ду манзили зист барканда ва боми яке аз қисмҳои ҳарбӣ низ қисман зарар дид», - хабар дод сардори маркази матбуоти КҲФ ва МГ ҶТ Умеда Юсуфӣ.

Шамол бомҳоро баркандаву симчӯбҳои барқиро кӯчонид
Facebook

Ба гуфтаи ӯ, айни замон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи видоят зиёни иқтисодӣ аз ин офати табииро таҳқиқ ва баҳогузорӣ мекунад.

«Наҷотдиҳандагони Ситоди Кумита дар вилояти Суғд корҳои пешгирии садама ва барқарор кардани таъмини аҳолӣ бо барқро ба анҷом расониданд», - хабар доданд аз маркази матбуот.

Шамол арчаро ҳам ба замин афтонд
Акс аз Facebook

Дар ҳамин ҳол, корбарони шабакаи Facebook низ аз оқибатҳои шамоли пуршиддат дар вилояти Суғд хабар дода, яке аз корбарон сурати арчаи афтида ва дигарӣ акси бомҳои баркандаро гузоштааст.